Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт: "Ба хотири сулҳ Исроил бояд берун шавад"


Эҳуд Олмерт, нахуствазири канорравандаи Исроил гуфт, ки кишвари вай бояд қисмати аъзами бахши шарқии Байтулмуқаддасро дар ихтиёри давлати ояндаи Фаластин вогузор кунад ва ҳудудҳои ин қаламрав бояд бо Каронаи Ғарбӣ ва Ғазза баробар бошад. Дар мусоҳибаи имрӯзааш бо рӯзномаи Yediot Ahronot Олмерт инчунин гуфт, ки сулҳ бо Сурия тарки баландиҳои Ҷулонро дар назар мегирад. Олмерт гуфт, ки ӯ, чун як сиёсатмадори мутаассиб, тӯли даҳсолаҳо омода набуд, ки ба умқи воқеият назар андозад. Нахуствизири феълии Исроил баъди иттиҳоми даст доштанаш дар фасоду ришвахорӣ маҷбур шуд ихтиёран аризаи истеъфояшро имзо кунад. Ҳамакнун бояд баъди тарки вазифа кардани ӯ ҳукумати нави эътилофӣ ташкил ва ё интихоботи нав баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG