Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои ҷангӣ "Фаина"-ро назорат мекунанд


Як киштии ҷангии ИМА аз наздик назорат дорад, ки роҳзанҳои баҳрӣ танкҳоро аз дохили киштии украинӣ берун набароранд.

Роҳзанҳо киштии украинӣ бо номи "Фаина"-ро дар обҳои соҳилии кишвари африқоии Сомалӣ ба асорат гирифтанд. Ҳамчунин як киштии ҷангии Русия озими минтақа шудааст. Роҳзанҳо бар ивази раҳоии киштиву гаравгонҳо миллионҳо доллар талаб кардаанд. Дастаи киштии украинӣ аз се шаҳрванди Русия, як шаҳрванди Латвия ва 17 украинӣ иборат аст. Капитани киштӣ ба воситаи телефони мобил гуфтааст, ки як шаҳрванди Русия аз сактаи дил ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG