Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи омилони инфиҷори Димишқ идома дорад


Normal 0

Нирӯҳои зиддитеррористии Сурия имрӯз ба ҷустуҷӯи омилони инфиҷори мошини бамбгузоришуда, ки дирӯз дар ҳошияи пойтахти Сурия, шаҳри Димишқ, 17 нафарро кушта барҷой гузошт, идома додаанд. Ин таркиш дар моҳи шарифи Рамазон дар наздикии як макони муқаддаси шиъаҳо рух дод.

Масъулияти он ҳамлаи, ба гуфтаи вазири умури дохилаи Сурия, “террористӣ”-ро то кунун касе бар ӯҳда нагирифтааст, вале таркиши дирӯзаи бамб аз пурқурбонитарин ҳамалот алайҳи Сурия дар даҳсолаи охир ном бурда мешавад.


XS
SM
MD
LG