Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Комсомол" ба зудӣ ба тавлиди газ оғоз мекунад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми ҷумъа дар Ню-Йорк бо гурӯҳе аз тоҷирони амрикоӣ ва ҳамчунин бо тоҷикистониҳои муқими Амрико мулоқот кардааст.

Дар мулоқоти Раҳмон бо раҳбари ширкати Тетис Петролеум Дейвид Робсон дар бораи вазъи барномаҳои истихроҷи газу нафт аз конҳои “Комсомол” ва Кӯлобу Балҷувон сӯҳбат шудааст. Дейвид Робсон Эмомалӣ Раҳмонро итминон дода, ки истихроҷи газ аз кони нафту гази “Комсомол” алакай то поёни соли ҷорӣ оғоз шуда, ва гази “Комсомол” барои бароварда сохтани ниёзи сокинони Душанбе масраф хоҳад шуд.


XS
SM
MD
LG