Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нахустини Обама ва МакКейн


Нахустин даври мунозироти пеш аз интихоботӣ байни Барак Обама ва Ҷон МакКейн дар донишгоҳи Миссисипӣ доир шуд ва ду номзад ба мақоми президентии Амрико дар ин мунозира асосан ба баҳси масоили сиёсати хориҷӣ пардохтанд.

Ҷараёни баҳс ҳокии ихтилофи назари байни ду номзад роҷеъ ба бисёре аз масоили байнулмилалӣ, аз ҷумла, пиромуни Эрону Ироқ аст ва танҳо мавзӯъе, ки ҳарду рақиб иттифоқи назар доштанд, таҷовузи Русия ба хоки Гурҷистон буд, ҳам Обама ва ҳам МакКейн амале ғайриқобилиқабул арзёбиаш мекунанд.

Барак Обама дар мавриди арзёбии вазъи кунунии равобити Амрико бо Русия дар бораи қасдҳое, ки Маскав нисбат ба ҳамсоягонаш дар сар мепарварад, изҳори нигаронӣ кард:

“Бо дарназардошти он ҳама чизе, ки тайи ҳафтаҳо ва моҳҳои охир гузашт, бархӯрди кулли мо нисбат ба Русия бояд бозбинӣ шавад, чунки Русияи аз нав батуғёномада ва хеле султаҷӯ таҳдид ба сулҳу амнияти минтақа шудааст. Иқдомоти онҳо дар Гурҷистон ғайриқобилиқабул буд.”

Обама маъмурияти президент Ҷорҷ Бушро дар арзёбии ғайривоқеъии раҳбарони Русия айбдор кард ва аз як таъбири 7 соли пеши Буш ёд овард, ки гуфта буд, ба чашмони Владимир Путин, раисҷумҳури вақт ва сарвазири кунунии Русия нигариста, ба ӯву самимияташ эътимод ҳосил кардааст.

Ҷон МакКейн низ таҷовузи Русия ба Гурҷистонро маҳкум кард ва бо ишора ба он суханони Буш гуфт:

“Русия феълан ба як кишвари пур аз пули нафт табдил шудааст, ки умури давлаташ асосан дар дасти маъмурони КГБ уфтодааст. Ман вақте ба чашмони ҷаноби Путин нигаристам, 3 ҳарфро дидам: К, Г, ва Б. Ва таҷовузи онҳо ба хоки Гурҷистон амале қобили қабул набуд.”

Ҷон МакКейн афзуд, дар пайи бӯҳрони Гурҷистон, Амрико бояд акнун мувозеҳи таҳаввулоти Украина бошад. МакКейн дар ин робита ба ҳузури флоти дарёии Русия дар Севастопол ва ихтилофоти сиёсӣ байни раисҷумҳур ва сарвазири Украина Виктор Юшенко ва Юлия Тимошенко таъкид кард.

Аммо ба фарқ аз мавзӯъи Русия, дар боқии масоил, ба вижа, дар мавриди бархӯрд ба Эрон, ду номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико вориди баҳсҳои тунде шуданд. Барак Обама гуфт, Амрико бояд пеш аз ҳама итминон ҳосил кунад, ки Эрон даст ба таслиҳоти ҳастаӣ нахоҳад ёфт. Аммо ӯ афзуд, ки эъмоли таҳримоти шадидтар болои Эрон бидуни ҳамкорӣ бо Русияву Чин, ки кишварҳои демократӣ нестанд ва бо Теҳрон равобити танготанги тиҷоратӣ доранд, ғайримумкин аст. Обама ба ин далел хостори тамосҳои ҷиддӣ бо худи Теҳрон шуд:

“Ба бовари ман, моро ҳамчунин лозим аст, аз дипломатияи шадид ва мустақим бо Эрон кор бигирем. Ва ин як фарқи бузурги байни ман ва сенатор МакКейн аст. Фаҳмост, ки бидуни гуфтугӯ муҷозат кардани мардум асар надорад. Ин роҳ дар қиболи на Эрон кор кард ва на дар қиболи Кореяи Шимолӣ. Дар ҳарду маврид, талошҳои мо ҷиҳати таҳти инзивоъи бештар қарор додани онҳо, дар амал онҳоро баръакс таҳрик дод, ки барои даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаӣ талоши бештар кунанд. Дар сурати раисиҷумҳур шудани ман, ин ҳол тағйир хоҳад ёфт.”

Аммо Ҷон МаКейн дидгоҳи Обама дар бораи гуфтугӯи мустақим бо раҳбарони Эрон, аз ҷумлаи раисҷумҳураш Маҳмуди Аҳмадинажодро соддаву хом номид ва гуфт, ҳар навъ тамос бо Эрон бояд бар пояи пешшартҳо ва қарордодҳое сурат бигирад, ки ба нафъи Амрико хидмат кунанд.

“Бубинед, ман омодаам бо ҳар нафар пушти мизи гуфтугӯ бинишинам, вале бар асоси шартҳои пешакӣ. Шартҳое мисли ин, ки тавассути гуфтугӯи рӯбарӯ мабодо, ки мо афроде чун Аҳмадинажодро машрӯъият бидиҳем. Сенатор Обама нав дар ин ҷо гуфт, ки “бидуни шарти пешакӣ.”

Бар асоси шартҳои қаблӣ, мавзӯъи баҳси аввали номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико танҳо масоили сиёсати хориҷӣ буд. Аммо ба маҳзи сарусадое, ки бӯҳрони моливу бонкии Амрико дар дунё ба по кардааст, тақрибан сӣ дарсад аз якуним соат мунозироти Обама ва МакКейн ба ҳамин масъала ва барномаи 700-миллиардолларии наҷоти Волл Стрит ва раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ, ки Кохи Сафед таҳия кардаву феълан дар дасти баррасии Конгресс қарор дорад, ихтисос ёфта буд.

Ҳар ду номзад бонкҳоро, ки бидуни таҳаққуқи кофӣ дмаболиғи бузургеро барои муштариёни бозори манзил қарз додаанд, ба боди интиқолд кашиданд. Вале на Обама ва на МакКейн кадом як роҳи мушаххаси бурунрафт аз ин вартаро ироа накарданд. Тавре ба назар мерасид, ҳеҷ кадоме аз ин ду номзад шавқи зиёде барои дахолат дар музокироти байни Кохи Сафед ва Конгресс надорад.

XS
SM
MD
LG