Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жиганг ба киштии кайҳонӣ баргашт


Normal 0

Тайконавт, ё худ кайҳоннаварди чиноӣ Жаӣ Жиганг аз киштии кайҳонии “Шенжоу 7” барио тақрибан 15 дақиқа ба мадори кайҳон баромад. Телевизиони миллии Чин ҷараёни ба мадори кайҳон баромадани ӯро зинда намоиш дод. Жиганг нахустин тайконавти чиноист, ки ба мадор баромад.

Жаӣ Жиганг дар ин муддат либоси кайҳоннавардиеро, ки 120 кило вазн дошта, барои таҳияаш 4 миллион доллар харҷ шудааст, имтиҳон карда, як таҷрубаи илмӣ низ анҷом дод.

Чин, баъд аз Амрико ва Русия, севвумин кишвар аст, ки ба фазо кайҳоннавард мефиристад.


XS
SM
MD
LG