Вилям Фрей, раиси дафтари минтақавии ин ожонс ва Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон, ба ин муносибат дар Душанбе як ёддошти тафоҳумро ба имзо расониданд.
Оқои Фрей дар маросими имзои ин санад гуфт, маблағи ихтисосёфта, барои иҷрои тарҳҳое ҷиҳати ҷилавгирӣ ва зери назорат гирифтани бемориҳое чун сил, Эйч-Ай-Ви, ва танзими хонаводаву такмили дониши табибон ва дастрасӣ ба хадамоти пизишкӣ масраф мешавад. Ӯ мегӯяд, ин ожонс феълан ҳашт барномаи муҳимеро бо ҳадафи беҳбуд бахшидани вазъи беҳдошт дар Тоҷикистон иҷро мекунад. Вай аз имзои ёдошти тафоҳуми тоза имзошуда чунин изҳори хушбинӣ кард:
«Мо умедворем, санаде, ки ин ҷо имзо кардем, барои зери назорат гирифтани бемориҳо ва ҳали мушкилоти мавҷудаи арсаи беҳдошт мусоидат мекунад».
Оқои Фрей афзуд, Ожонси рушди ҳамкориҳои байнулмилалии Амрико дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ду тарҳи ҷадидро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемории зукоми паранда ва беҳбудии саломати модару кӯдак роҳандозӣ мекунад. Зеро бино ба иттилоъи Вазорати тандурустӣ мизони маргумири модарон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта панҷ дарсад афзоиш ёфтааст.
Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон, кӯмакҳои Амрико ба арсаи беҳдоштро барои беҳтар кардани вазъи беҳдошти кишвар муасир арзёбӣ мекунад. Вай мегӯяд, ин кумакҳо дар ҳоле ба Тоҷикистон ироа шудаанд, ки арсаи беҳдошти кишвар ба ин кумакҳо сахт ниёзманд будаанд. Оқои Салимов ба сурати мисол, вазъи бемории силро далел овард, ки солҳои ахир бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Амрико барои рафъи он кӯмакҳои зиёд кардаанд.
Ожонси рушди ҳамкориҳои байналмилалии Амрико фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кардааст. Ин созмон то кунун ба бахшҳои мухталифи иқтисоду иҷтимоъи кишвар, бахусус арсаҳои беҳдошту маъориф ҳудуди 300 миллион доллар кӯмак кардааст.