Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико тазоҳуроти зидди Аҳмадинежод барпо шуд


Садҳо нафар дар Нию Йорк бар зидди Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Ирон, ки барои ширкат дар иҷлоси Маҷмаъи Умумии СММ дар Амрико ба сар мебарад, даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд. Тазоҳуркунандагон Аҳмадинежодро барои изҳороти зидди яҳудиёни Исроил муттаҳам карданд. Онҳо ҳамчунин Иронро муттаҳам карданд, ки дар садади иҷоди аслиҳаи ҳастаист. Ин тазоҳурот дар назди меҳмонсарои Ҳайат баргузор шуд, ҷое, ки Маҳмуди Аҳмадинежод намояндагони мазҳабҳои дунёро ба ҳузур мепазируфт.

XS
SM
MD
LG