Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи навбатии «Чашмандоз»


Қосими Бекмуҳаммад ва Рашид Абдуллоҳ
Қосими Бекмуҳаммад ва Рашид Абдуллоҳ

Мавзӯъи «мизи гирд»-и навбатии барномаи «Чашмандоз» ба масъалаи нақши СММ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоъии кишварҳои ҷаҳони муъосир бахшида мешавад.

63-вуми Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико , ки аз рӯзи 23-вуми сентябр ба кори худ оғоз бахшидааст, то 1-уми октябр идома хоҳад дошт.

Дар ин ҷаласа роҳбарони кишварҳои олам мавзӯъоти мухталиферо дар иртибот ба вазъи зиндагии имрӯза ва ояндаи башарият мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод. Қарор аст дар ҷараёни нишаст раҳбарон ва намояндагони беш аз 120 кишвар аз минбари СММ суханронӣ кунанд.

Бархе аз роҳбарони кишварҳои олам дар оғози ин нишаст бар чунин зарурат, ки бояд СММ ва махсусан Шӯрои амнияти он тағйир дода шавад, таъкид доштанд.

Абдуннабӣ Сатторзода

Баррасии мавзӯъро дар як суҳбати мизи гирд бо иштироки коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик Абдунабӣ Сатторзода, мудири шуъбаи равобити хориҷаи Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони мустақили тоҷик Рашид Абдулло ва Қосими Бемуҳаммад қарор додаем.

Дар ҷаласаи СММ аз сӯи бархе аз роҳбарони давлатҳо масъалаи ислоҳоти СММ ва сохторҳои он ва махсусан тағйиот дар шумори кишварҳои узви доимии Шӯрои амнияти СММпешниҳод гардид.

Ба иштирокдорони мизи гирд суолҳои зайл дода шуда:

1. Ба назари Шумо чи зарурате пеш омадааст, ки роҳбарони кишварҳо бар ислоҳоти СММ талош кунанд?

2. Дар сурати илова шудани кишварҳои дигар ба ҳайъати Шӯрои амният оё ихтилофот ва мубоҳисоти имрӯзаи кишварҳои дунё роҳи ҳал пайдо хоҳад кард?

3. Зимнан, мавҷудияти СММ барои кишварҳои кӯчак ва фақире назири Тоҷикистон ба гуфтаи таҳлилгарон аҳамияти калон дорад. Ин созмон, барои мисол, аз лиҳози моддиву молӣ кумакҳои зиёде дар ихтиёри чунин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, қарор додааст. Ва барои мисол дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон бо талошҳои ин созмон ҷонибҳо сари мизи музокирот нишастанду дар ниҳоят ба сулҳ даст ёфтанд. Ва имрӯз, ҳамчуноне медонем, барномаҳои гуногуни СММ дар Тоҷикистон ба иҷро гузошта шудаанд. Дар чунин вазъ барои мисол мавқеъи Тоҷикистон ва ё хости Тоҷикистон чи гуна бояд бошад?

Барандаи "мизи гирд" А. Қайюмзод

4. Пешниҳоди шумо чи буда метавонад: оё воқиъан афзоиши шумори кишварҳои узви доимии Шӯрои Амният бар боло рафтани нақши СММ мусоъидат хоҳад кард?

Барои комилан шунидани ин барнома, лутфан, вожаи «Шунидан» (дар тарафи рости сафҳа)-ро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG