Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди сарбозони амрикоӣ бо нерӯҳои покистонӣ


ИМА мегӯяд, ки дар марзи Афғонистону Покистон табодули оташ миёни сарбозони амрикоӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи Покистон ба вуқӯъ пайваст. Дар бораи талафот аз тирпарронии рӯзи панҷшанбе маълумот нарасидааст.

Сухангӯи низомиёни ИМА Грегорӣ Смит гуфт, сарбозони покистонии мустақар дар як посгоҳ ба тарафи ду чахболи навъи Кайова, ки аз ҳаво гашти сарбозони амрикоиву афғонро ҳимоят мекарданд, оташ кушоданд. Ба қавли мансабдори амрикоӣ чархбол ва сарбозон дар қаламрави Афғонистон буданд.
Ҳамин манбаъ афзудааст, ки сипас дар ҷавоб сарбозони амрикоиву афғон ба тарафи покистониҳо тир кушоданд ва табодули оташ тахминан панҷ дақиқа идома доштааст.
Смит илова кард, ки чархболҳо ба табодули оташ ҳамроҳ нашуданд.
Низомиёни Покистон мегӯянд, сарбозон ба тарафи чархболҳои амрикоӣ, ки ба ҳарими ҳавоии Покистон дохил шуда буданд, оташи ҳушдордиҳанда кушоданд.
Дар ҳамин ҳол президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ аснои суханронӣ дар маҷмаи кулли СММ эҳтимолан бо ишора ба ҳодисаи дирӯза гуфт, ки Покистон ба дӯстонаш иҷозат намедиҳад тамомияти арзӣ ва соҳибистиқлолияшро халадор кунанд.

XS
SM
MD
LG