Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси барномаи наҷоти низоми молӣ идома меёбад


Мулоқоти президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва вакилони Конгресс, ки рӯзи панҷшанбе бо ташаббуси раисҷумҳури Амрико барпо шуд, самараи зудрас наовард. Ҳадаф аз ин нишаст тасвиби тахсиси 700 миллиард доллар барои наҷоти низоми молии ИМА буд. Дар ин мулоқот довталабҳои курсии президенти ИМА сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ва сенатори демократ Барак Обама низ ҳузур доштанд.
Мансабдорон мегӯянд, арзёбии барнома идома хоҳад дошт. Ҳукумати ИМА мехоҳад маблағҳои ҷудошударо барои харидани қарзҳои ба истилоҳ "бад ва ё зараррасон" аз бонкҳо ва ширкатҳои молӣ харҷ намояд.
XS
SM
MD
LG