Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти "шашгона" дар робита ба Эрон лағв шуд


Нерӯгоҳи атомии Бушаҳр дар Эрон
Нерӯгоҳи атомии Бушаҳр дар Эрон

Нишасти кишварҳои шашгона – ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон лағв шуд.

Сабаби лағви нишасти панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ бо иловаи Олмон рӯ гардондаи Маскав аз ширкат дар ин музокирот гуфта мешавад.

Намояндагони вазоратҳои берунаи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ - ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия бо иловаи Олмон мебоист фардо, рӯзи панҷшанбе, дар шаҳри Ню-Йорк ҷамъ омада, масъалаи роҳандозии таҳримҳои нав бар зидди Эрон дар робита ба барномаи ҳастаии ин кишварро баррасӣ мекарданд.

Рӯзи чоршанбе ҷонишини вазири берунаи Русия Сергей Рябков эълон кард, ки Русия наметавонад ба эҷоди таҳримҳои нав алайҳи Эрон розӣ шавад.

Рӯ тофтани Маскав аз музокироти муштарак бо кишварҳои Ғарб дар бораи Эрон дар ҳолест, ки пас аз бӯҳрони Қафқоз муносибот миёни Русия ва Ғарб тира гаштааст.

XS
SM
MD
LG