Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко Русияро таҷовузкор номид


Дар иҷлосияи Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронии раҳбарони кишварҳо идома дорад. Имрӯз Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Укроин амалкарди Русия дар Гурҷистонро "таҷовуз" номид ва Маскавро дар поймолсозии принсипҳои СММ, истифодаи нерӯ дар равобити байнулмилалӣ ва бозгашт ба замони “ҷанги сард” айбдор кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки кишвараш шинохти истиқлоли Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистонро як амали ғайриқонунӣ мехонад. Дирӯз раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ва сарвари Фаронса Николя Саркозӣ ҳам аз якпорчагии Гурҷистон пуштибонӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG