Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як бразилии машҳур дар Бунёдкори Узбакистон


Ситораи машҳури футбол Зико ризоят додааст, ки барои як сол мураббии дастаи Бунёдкори Узбакистон шавад. Чанд моҳ пеш собиқ капитани дастаи мунтахаби Бразилия ва мураббии ботаҷриба: Зико ҳамкорӣ бо дастаи Фенербахчеи Туркияро хотима бахшида, феълан бекор буд. Соли гузашта Фенербахче то бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми қаҳрамонони Аврупо роҳхат гирифта буд ва овозаҳо зиёд буданд, ки Зико мураббии дастаи Нюкасл ва ё Манчестер Ситии англисӣ хоҳад шуд.

Ба навиштаи хабаргузории Ассошиэйтед пресс рӯзи душанбе Зико озими Тошканд шуд. Мураббии Бунёдкор Мирҷалол Қосимов мансаби мураббии дастаи мунтахаби футболи Узбакистонро қабул кардааст ва Зико ҷои ӯро хоҳад гирифт. Ҳамчунин сухангӯи Зико Бруно Невес мегӯяд, ки шояд Зико мушовири техникии Қосимов низ шавад.
Дар ҳоли ҳозир ду ситораи футболи Бразилия: Ривалдо ва Луизао дар Бунёдкор ҳунарнамоӣ мекунанд. Ривалдо соли 2002-ум ҳамчун узви мунтахаби Бразилия қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Ба қавли сухангӯи Зико маҳз Ривалдо Зикоро ба қабули вазифаи нав ҳидоят намудааст.
Зико дар солҳои 1978, 1982 ва 1986 дар сафҳои мунтахаби Бразилия барои Ҷоми ҷаҳонии футбол талош варзидааст. Соли 1998 ӯ ба ҳайси ҳамоҳангсози техникии мунтахаби футболи Бразилия дар Ҷоми ҷаҳонии Фаронса иштирок намудааст.
Рӯзи чоршанбе дар чорчӯби Ҷоми қаҳрамонони Осиё Бунёдкор бо дастаи эронии Сайпа дар Узбакистон қуваозмоӣ мекунад. Бозии аввал дар Эрон бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 хотима ёфта буд.

XS
SM
MD
LG