Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои Руссия барои машқ ба Венесуэло мераванд


Як эскадрони киштиҳои ҷангии Руссия аз пойгоҳи худ дар Арктика, воқеъ дар қутби шимолӣ ба суи Венесуэло роҳ пеш гирифтанд, то дар он ҷо мустақар шаванд. Ин иқдом баъд аз хатми ҷанги сард то ҳол назир надоштааст. Игор Дигало-сухангуи нируҳои дарёии Руссия гуфт, киштии атомии Пётри Кабир як ҷо бо се киштии дигар аз Баҳри Шимолӣ ба роҳ баромадаанд ва дар Венесуэло машқҳои муштарак анҷом хоҳанд дод. Ҳафтаи пеш ду ҳавопаймои бамбафкани Руссия ба Венесуэло парвоз анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG