Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Олам ҳамлаи даҳшатбори Покистонро маҳкум кард

Раҳбарони олам ҳамлаи террористӣ болои меҳмонсарои Marriott дар пойтахти Покистонро, ки ҳаёти аз 40 то 60 нафарро аз байн бурдааст, маҳкум менамоянд.
Дар ин ҳамла ҳамчунин садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Президенти Туркия Абдуллоҳ Гул гуфт, ҳадаф аз ҳамлаи ошӯбгаронаи рӯзи шанбе барҳам задани назму субот дар Покистон буд.
Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер Штейнмейер иброз дошт, ки масъулони ин " амали даҳшатбор" бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Сарвазири Британия Гордон Браун изҳор намуд, ки кишвараш ҳар кумаки аз дасташ меомадаро дар муборизаи Покистон бар зидди терроризм фароҳам хоҳад овард. Браун гуфт, ки ӯ бо президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро баҳс кард.
Вазорати корҳои дохилии Покистон мегӯяд, як гурӯҳи ҷангҷӯёни толиб аз минтақаи қабилаҳои назди марзи Покистон бо Афғонистон, ки бо Ал-Қоида иртибот дорад, масъули бомбгузории меҳмонсарои Marriott мебошад.
Мақоми баландпояи вазорати корҳои дохилии Покистон Раҳмон Малик гуфт, ки масъулони ҳамла болои ҳотел ҳамагӣ аз минтақаи қабилаҳо мебошанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Карзай барои ба расмият шинохтани "Толибон" интихоботро пешниҳод кард, вале...

Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, гуфтааст, "Толибон" барои ба расмият шинохта шудан аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ аввал бояд дар дохил қонунӣ эътироф шаванд. Вай дар ин маврид баргузории интихобот ё Лоя Ҷиргаро пешниҳод кардааст.

Карзай ин изҳоротро 17-уми октябр дар мусоҳиба бо “Садои Амрико” баён кард. Ӯ афзуд, Афғонистон дар як нуқтаи ҳассоси таърихи худ қарор дорад ва афғонҳо вазифадоранд, ки “муттаҳид” шаванд ва давлатеро бар асоси "иродаи мардум" эҷод кунанд.

Намояндагони “Толибон”, гурӯҳе, ки дар бисёре аз кишварҳо мамнуъ ва террористӣ аст, мегӯянд, онҳо ҳимояти мардуми Афғонистонро бо худ доранд.

Билол Каримӣ, узви дафтари матбуотии ҳукумати “Толибон”, 18-уми октябр ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, “ҳукумати “Толибон” аз байни ҷомеа бархоста ва аз ҳимояти комили мардум бархӯрдор аст.”

Каримӣ ҳамчунон дар посух ба дархости баргузории интихобот аз сӯйи Ҳомид Карзай иддао кард, ки “интихоботи низоми пешин бо дурӯғу фиреб пеш мерафт ва машруияти низоми пешина дурӯғин буд.”

Аз замони суқути Афғонистон ба дасти “Толибон” дар 15-уми августи имсол ин гуруҳ ҳанӯз ба таври расмӣ аз сӯи ҳеч кишвар, аз ҷумла Покистон, ки бисёре онро наздиктарин муттаҳиди “Толибон” медонанд, ба расмият шинохта нашудааст.

Қирғизистон нархи доруҳои муҳим барои сокинонро поин бурданист

Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии вазъ дар соҳаи таъминоти доруворӣ таҳти раҳбарии муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон -- раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев ҷаласаеро баргузор кардааст.

Ба огаҳии Девони вазирони Қирғизистон, дар ин ҷаласа, ки соҳибкорон низ иштирок доштанд, масъалаҳои марбут ба таъминоти доруворӣ дар он кишвар баррасӣ гашта, тасмим гирифта шудааст, ки "шеваи таъйини нарх дар бозори доруворӣ тағйир дода шавад ва арзиши доруҳои муҳим барои сокинон поин бурда шавад".

"Ба раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ дастурҳои мушаххас дода шудааст, то барои пешгирӣ аз ҳолатҳои ҳаннотӣ дар мавриди таъйини арзиши доруворӣ чораҳои муассир андешанд", - афзудааст.

Дар Девони вазирони Қирғизистон шарҳ надоданд, ки ба раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ кадом дастурҳо дода шудааст.

Кумитаи амнияти Қирғизистон моҳи сентябр хабар дода буд, ки фаъолияти як "мафияи фармасевтӣ"-ро дар он кишвар ошкор кардааст. Ба иттилои кумита, "як гуруҳи ширкатҳо маводи дорувориро аз хориҷ ба Қирғизистон ворид карда, бо нархи ниҳоят гарон ба сокинон мефурӯхтаанд".

Порлумони Узбекистон барои мубориза бо коронавирус 1,3 триллион сӯм ҷудо кард

Порлумони Узбекистон барои мубориза бо вабои коронавирус ва воксинзании сокинон 1,3 триллион сӯм (муодили 120 миллион доллар) ҷудо кард.

Вакилони порлумон ҳамзамон паҳншавии вабои коронавирусро дар он кишвар дар рӯзҳои охир баррасӣ карданд.

Дар буҷаи давлатии Узбекистон дар соли 2021 барои мубориза бо коронавирус ва хариди воксин 3 триллион сӯм ҷудо шуда буд, аммо ин маблағ то ин замон харҷ гардидааст.

Хадамоти беҳдоштии Узбекистон гуфт, дар он кишвар беш аз 2 миллион сокини аз 18-сола боло бояд воксин бигиранд.

То рӯзи 12-уми октбяр ҳамагӣ 3 млн 290 ҳазор кас комилан, 7 млн 240 ҳазор кас ду воя ва 12 млн кас як воя воксин гирифтаанд.

Дидори як ҳайати Қазоқистон бо намояндагони Толибон дар Кобул

Ержан Қозихон ва Абдулғанӣ Бародар

Ҳайати Қазоқистон бо роҳбарии Ержан Қозихон, намояндаи махсуси президенти Қазоқистон бо сафари расмӣ ба Кобул рафт.

Қозихон бо намояндагони ҳукумати феълии Афғонистон Абдулғанӣ Бародар ва Амирхон Муттақӣ мулоқот кард.

"Дар ин мулоқот масоили расонидани кӯмаки башарӣ ба мардуми Афғонистон ва барқарории равобити тиҷориву иқтисодӣ баррасӣ шуд", - омадааст дар хабари расмии мақомоти Қазоқистон.

Қазоқистон ваъдаи кӯмаки панҷ ҳазор тона ордро ба Афғонистон додааст. Ҷониби Қазоқистон ҳамчунин гуфтааст, омода аст, ки ба Афғонистон воксини зидди коронавирус - QazVac-и истеҳсоли Қазоқистон ирсол кунад.

То кунун мақомоти Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ бо “Толибон” дар сатҳҳои гуногун мулоқот кардаанд. Тоҷикистон гуфтааст, ҳукумати “Толибон”-ро намепазирад ва хоҳони ташкили ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар Афғонистон аст. Масъулони “Толибон” ба Душанбе ҳушдор додаанд, ки ба корҳои дохилии онҳо дахолат накунад.

Дороӣ ва тиҷорати ҷиянҳои Бердимуҳаммадов дар Туркманистон

Ду расонаи туркманӣ бо Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) бар асоси маводи "Бойгонии Пандора" нақши ҷияни Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистонро дар содироти карбамиде муайян кардаанд, ки корхонаи давлатии ин кишвар истеҳсол мекунад.

Ин таҳқиқоти расонаҳои мустақили туркмании "Turkmen.news" ва "Gundogar" бо OCCRP рӯзи 14-уми октябр нашр шудааст.

"Карбамиде, ки корхонаи "Гарабогазкарбмид"-и Туркманистон истеҳсол мекунад, тавассути ширкати шубҳанок ва сабтиномшуда дар Шотландия содирот мешавад. Ишқобод барои бунёди ин корхона 1,16 миллиард доллар аз Бонки байналмилалии Ҷопон (JBIC) қарз гирифтааст. Нақши калидиро дар ширкати содиркунанда ҷияни Бердимуҳаммадов Ҳоҷимурод Раҷабов мебозад. Одамоне, ки дар эъломияҳо ҳамчун саҳомони ширкат сабт шудаанд, дар асл барои Раҷабов кор мекунанд. Бар асоси санадҳои расмии ширкат, Раҷабов аз моҳи ноябри соли 2020 молики ширкат шудааст", - навиштаанд муаллифони таҳқиқот Руслан Мятиев, Байрам Шоҳмуродов ва Мэттю Купфер.

Ба ҷуз ин, дар таҳқиқот номи як ҷияни дигари Бердимуҳаммадов ва бародари Ҳоҷимурод Раҷабов -- Шоҳмурод низ зикр шудааст. Шоҳмурод дар фаъолияти ширкате нақши калидиро мебозад, ки бо номи "Delanore" дар Бритониё сабт шуда, бо содироти маҳсулоти нафтию кимиёии корхонаҳои давлатии Туркманистон машғул аст.

Муаллифон дар бораи дороиҳои ин ду бародар низ навиштаанд. Ба иттилои онҳо, бародарон Раҷабовҳо дар Дубай 16 хона доштаанд, арзиши умумии онҳо ба 5,5 миллион доллар мерасад.

Дар гузашта як таҳқиқоти рӯзноманигории дигар низ муайян карда буд, ки ширкати марбут ба Ҳоҷимурод аз воридоти маводи ғизоӣ ба Туркманистон даҳҳо миллион доллар даромад мегирад.

Дар Узбекистон ба деҳқонон иҷозат намедиҳанд, ки ҳосили шолиашонро фурӯшанд

Дар бархе аз ноҳияҳои Қарақалпоқистони Узбекистон ба деҳқонон иҷозат намедиҳанд, ки ҳосили шолиашонро аз киштзор берун баранд.

Чанд деҳқон аз Қарақалпоқистон гуфтанд, ки дар роҳ ба сӯи шаҳри Нуқус постгоҳҳои назоратӣ гузошта шудааст ва пулис монеи интиқоли шолӣ мешавад.

"Ба деҳқонон иҷозат намедиҳанд, ки мустақилона биринҷашонро фурӯшанд. Ба ҳамин хотир постгоҳ гузошта шуда ва аз тиҷорати деҳқонон пешгирӣ мекунанд", - гуфт як деҳқон аз Қарақалпоқистон.

Мақомоти Қарақалпоқистон ин хабарҳоро рад мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои гузашта низ деҳқонон аз эҷоди монеа дар фурӯши ҳосили биринҷашон шикоят карда буданд.

Озмоиши нави мушакии Чин ва бехабар мондани иктишофҳои ИМА

Чин моҳи августи соли равон мушаки мофавқи садоиеро озмудааст, ки метавонад силоҳи ҳастаиро интиқол диҳад. Манбаи "Financial Times (FT)" хабар дод, ки ин озмоиши Пекин иктишофҳои амрикоиро дар ғафлат гузоштааст.

Нашрия менависад, ки мушак дар вақти озмоиш ба ҳадафи шартӣ нарасидааст, вале "пешрафти шигифтангезро дар сохтани мушаки мофавқи садоӣ ба намоиш гузоштааст".

"Мо тасаввур намекунем, ки онҳо ин корро чи гуна анҷом додаанд", - гуфтааст ҳамсуҳбати FT. Манбаи нашрия афзудааст, мушаки мазкур аз нигоҳи назариявӣ метавонад бар Қутби ҷанубӣ парвоз кунад ва ин ба низоми зиддимушакии ИМА, ки ба самти Қутби шимолӣ нигаронида шудааст, мушкил эҷод хоҳад кард.

Дар Пентагон аз шарҳи озмоиши навбатии Чин худдорӣ, вале роҷеъ ба фаъолиятҳои низомии Чин изҳори нигаронӣ карданд. Намояндаи Вазорати дифои ИМА Ҷон Кирбӣ гуфт, имкониятҳои низомии Чин ба "ташаннуҷи авзоъ дар минтақа ва берун аз он мусоидат мекунад".

Хонаводаи Пауэлл даргузашти ӯро тасдиқ карда, вале гуфтанд, "ӯ пурра эм шуда буд"

Акс аз бойгонӣ

Котиби пешини давлатии Амрико, Колин Пауэлл, бар асари бемории COVID-19 даргузашт.

Аъзои хонаводааш рӯзи 18-уми октябр дар паёме дар Фейсбук гуфтанд: "Ӯ пурра эм шуда буд. Мо мехоҳем, ба кормандони Маркази миллии тиббии Волтер Рид барои муолиҷаи ӯ сипос гӯем. Мо ҳамсар, падар, бобои фавқулода дӯстдоштанӣ ва як амрикоии бузургро аз даст додем."

Колин Пауэлл 84 сол дошт ва солҳои 1991, дар замони ҷанги Халиҷ дар аҳди президент Ҷорҷ Буш, ба ҳайси генерали чорситорадор дар мақоми раиси ситоди муштарак кор карда, нерӯҳои ироқиро аз Кувайт берун кардааст.

Пауэлл қаҳрамони ҷанг буд ва дар замони чор президенти ҳам ҷумҳурихоҳ ва ҳам демократ дар мансабҳои калон кор кардааст. Ӯ як ҷумҳурихоҳи муътадил ва амалгаро ё прагматик буд.

Бо вуҷуди корномаи бисёр фавқулодааш, Пауэлл дар ёди бисёриҳо бо суханронии моҳи феврали соли 2003 мемонад. Он замон ӯ гуфт, дар Ироқ силоҳи қатли ом вуҷуд дошта метавонад, вале ин силоҳ ҳеч гоҳ ёфт нашуд ва далелҳое, ки аз онҳо ёд кард, баъдан гоҳ исботи худро наёфтанд.

Матбуот: Собиқ котиби давлатии Амрико аз COVID-19 даргузашт

Колин Пауэлл. Акс аз соли 2016

Котиби собиқи давлатии Амрико, Колин Пауэлл, бар асари бемории COVID-19 даргузашт. Дар саҳифаи расмии ӯ дар Фейсбук бо нашри ин хабар гуфтаанд, "Пауэлл 84 сол дошт". Вай дар гузашта дар мансаби фармондеҳи ситоди муштараки нирӯҳои Амрико ифои вазифа кардааст. Дар ин бора хабаргузори "Рейтерс" низ иттилоъ дод.

Мулоқоти Остин ва Бурчуладзе

Вазирони дифои ИМА ва Гурҷистон - Ллойй Остин ва Ҷавоншер Бурчуладзе

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин, ки дар доираи як сафари минтақавиаш ба кишварҳои соҳили Баҳри Сиёҳ вориди Гурҷистон шуд, гуфт, дар пешорӯи “фаъолиятҳои харобкоронаи” Русия мехоҳад пуштибониашро аз Тифлис намоиш диҳад. Баъди дар фурудгоҳи байналмилалии Тифлис поин шуданаш субҳи 18-уми октябр Остин дар саҳифаи Твиттераш навишт: “ИМА ӯҳдадор шудааст, ки дар тақвияти тавонмандиҳои дифоии Гурҷистон ва ҳаракати он ба сӯи ҳамгироии авруатлантикӣ мусоидат кунад ва ман аз мулоқотҳо дар он ҷо интизороти зиёд дорам”. Қарор аст пеш аз расидан ба ҷаласаи вазирони дифои узви кишварҳои НАТО, ки рӯзҳои 21-22 октябр дар шари Брюссел баргузор мешавад, Остин инчунин ба Украина ва Руминия ҳам сафар кунад. Ин нахустин сафари раҳбари Пентагон ба Гурҷистон баъди соли 2014 мебошад. Дар Тифлис Остинро вазири дифои Гурҷистон Ҷавоншер Бурчуладзе ва сафири ИМА Келли Дегнан пешвоз гирифтанд.

Як мақоми баландпояи вазорати дифои ИМА як рӯз пеш аз ин гуфт, “Мо соҳибихтиёрии кишварҳоеро итминон ва тақвият медиҳем, ки дар сафи пеши таҷовузи Русия қарор доранд”.

Сафари мазкур мавриди истиқболи раҳбарияти Гурҷистон қарор гирифтааст, чун як ормони Тифлис узвияти комил дар паймони низомии НАТО мебошад. Гурҷистон як шарики ин эътилофи ғарбӣ ба шумор меравад.

Соли 2008 Гурҷистон ва Русия давоми панҷ рӯзи моҳи август вориди ҷанг шуданд ва аз он замон то имрӯз нирӯҳои Русия дар минтақаҳои Осетияи Ҷанубиву Абхозистони Гурҷистон боқӣ мемонанд. Ин ду минтақа истиқлолияти худро аз ҳайати Гурҷистон эълон кардаанд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ инро ба расмият нашинохтааст. Маскав тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки Гурҷистон ба узвияти НАТО шомил нашавад.

Шикояти муҳоҷирон аз рейдҳои саросарӣ дар ду шаҳри бузурги Русия

Акс аз бойгонӣ

Тӯли ду рӯзи ахир, ба дасти Радиои Озодӣ чандин навори баргузории рейдҳои густурда дар пойтахти Русия, вилояти Маскав ва шаҳри Санкт Петербург расид. Муҳоҷирони тоҷик дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки бо вуҷуди доштани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошту ҳатто то ду шабонарӯз дар шӯъбаҳои пулис нигоҳ дошта шуданд.

Ба қавли мусоҳибон, ҳамаи онҳоро 5 300 рубл русӣ ҷарима кардаанд. Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои русӣ аз боздошти беш аз 100 муҳоҷири корӣ дар сохтмони Истра навиштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, рейд бидуни эълони пешакӣ сурат гирифтаву, кормандони сохтмон талоши фирор кардаанд. Вале пулис онҳоро дастгир ва аснодашонро тафтиш намудааст. Теъдоде аз муҳоҷирон ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур дошта, бархе ҳам бидуни патент кор мекардаанд. Ҳамаи онҳоро ҷарима кардаанд.

Зимнан дар Тоҷикистон низ талош доранд муҳоҷирони ғайриқонуниро ошкор кунанд. Бо ин ҳадаф дар вилояти Хатлон аз 11 -ум то 18- уми октябр зери унвони “Нелегал “ санҷишҳои назоратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои тиҷоратӣ идома доранд.

Амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти интизомиву амниятӣ ва хадамоти муҳоҷират ба хотири тафтиши ҳуҷҷатҳои тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди вилоят кору зиндагӣ мекунанд сурат мегирад.

Оҷонсӣ аз боздошти як корманди комиссариат хабар дод

Дар шабу рӯзе, ки дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии давъат ба артиш ҷараён дорад, Оҷонсии зидди фасод аз аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбӣ хабар дод.

Ба навиштаи Оҷонсӣ, Раҷабалӣ Дӯстов, сардори мухобироти махфии яке аз комиссаритяҳои ҳарбӣ барои озод кардан аз хидмати ҳарбӣ ришва хостааст. Оҷонсӣ мегӯяд, гумонбар зимни гирифтани 22 ҳазор сомонӣ аз бародари ҷавони даъватшаванда ба даст афтодааст.

Назари Раҷабалӣ Дӯстов ва вакили дифои ӯ дар ин бора дастрас нест. Дақиқ нест, ки ӯ то куҷо иттиҳомро қабул кардааст. Аммо мақомот мегӯянд, алайҳи ин корманди комиссариат бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз кардаанд. Ин моддаи қонун 8 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

САҲА гуфт, ҷудоиталабони украинӣ ҳаракати онҳоро маҳдуд кардаанд

21 ноябри соли 2017. Акс аз шаҳри Луҳанск дар шарқи Украина аз ҷониби ҳайати САҲА бардошта шудааст

Ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина намегузоранд, ки аъзои гурӯҳи нозирони САҲА, ки дар шарқи Украина аз оташбаси ҳассос дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабон назорат мекунанд, қароргоҳи худро тарк кунанд. Онҳо шарт гузоштаанд, ки як узви боздоштшудаи ҷудоиталабон аз дасти украиниҳо озод шавад.

Ҳайати вижаи нозирони САҲА аз соли 2014 дар минтақаи марзӣ мустақар шуда, вазъи амниятӣ дар вилоятҳои шарқии Донетск ва Луҳанскро назорат мекунанд ва ҳам барои ташкили музокироти миёни нирӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия миёнҷигӣ мекунанд. Дар давоми ҷангҳои миёни ин ду тараф дар ҳафт соли охир 13200 нафар кушта шудаанд. Бо ин ки аз июли соли 2020 як оташбаси бисёр ҳассосе амал мекунад, ҳар сари чанд вақт дар минтақа низоъҳои ҷудогонае миёни намояндагони ду ҷониб сар мезанад.

Рӯзи 18-уми октябр гурӯҳи нозирони САҲА бо нашри изҳороте гуфтанд, таваққуфгони мошинҳои ин ҳайат, ки дар шаҳри Ҳорливка (Горловка)-и минтақаи зери назари ҷудоиталабони Донетск ҷойгир мебошад, бо занҷиру қулф баста шуд. Мудири меҳмонхонае, ки дар он ба истилоҳ аъзои патрули хати пеш қарор дорад, ба кормандони САҲА хабар дод, ки бо як амри шаҳрдори Ҳорливка онҳоро аз ҳақи тарк кардани макон маҳрум намуданд. Баъди ин ба кормандони САҲА гуфта шуд, ки танҳо баъди озод шудани як афсари боздоштшудаи онҳо ин ҳайат озод мешавад. Назари ҷудоиталабон ба ин қазия дастрас нест.

Онҳо иддао кардаанд, ки афсар Андрей Косяк ҳафтаи гузашта аз ҷониби низомиёни украинӣ дар наздикиҳои хати ҷанг боздошт шуд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ бо назорати оташбас машғул буд. Вале вазорати дифои Украина гуфт, ки Косяк як узви низомиёни рус аст, ки кораш аз ҷосусии махфӣ иборат будааст.

Ҳайати нозирони САҲА тақозо карданд, ки ҳаракати озоди аъзои ин тим таъмин шавад.

Низоъ дар шарқи Украина баъди он сар зад, ки Маскав нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин кори Русияро маҳкум намуд.

Писарбачаи 12-соларо, ки дар як мактаби Русия тир кушод, боздошт карданд

Донишгоҳи Перм, баъди ҳамлаи мусаллаҳона, ки 6 касро кушта бар ҷой гузошт. Сентябри соли 2021

Дар шаҳраки Сарси минтақаи Урали Русия сохторҳои ҳифзи қонун писарбачаи 12-солаеро боздошт карданд, ки дар дохили як мактаб аз силоҳи оташфишон тир кушодааст. Ин ҳодиса як моҳ баъди ҳамлаи мусаллаҳонае дар донишгоҳи маҳаллӣ рух медиҳад, ки чандин кушта бар ҷой гузошта буд. Полиси минтақавии Перм гуфт, ки субҳи 18-уми октябр наврасе силоҳи шикории падарашро ба мактаб оварда пеш аз шурӯи дарсҳо ду бор ба девори мактаб тир холӣ кард. Дар ин ҳодиса ҳеҷ нафаре осеб надидааст, вале мақомот билофосила беш аз 300 хонандаву 30 омӯзгорро ба берун бароварданд. Мақомоти вилояти Перм гуфтанд, ки раиси мактаб писарбачаро водор кард, ки даст аз тирандозӣ бардораду силоҳро таслим кунад.

Рӯзи 20-уми сентябр як ҷавони мусаллаҳе дар Донишгоҳи давлатии таҳқиқоти илмии Перм оташ кушод ва дар натиҷа шаш нафар куштаву 28 кас захмӣ шуданд. Полис тавонист, ки ҳамлагар - ҷавони 18-сола Тимур Бекмансуровро захмӣ карда баъдан ӯро боздошт намояд.

Дар гузашта дар мактабҳои Русия ҳодисаҳои тиркушоӣ хеле кам рух додааст, вале дар солҳои охир рӯ ба афзоиш овардааст.

Консули тоҷик барои табрики мавлуди Паёмбар ба масҷиди Екатеринбург рафт

Ба Зафар Сайидзода китоби Қуръон тақдим карданд

Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндаи Вазорати меҳнату муҳоҷират 17-уми октябр ба як масҷиди шаҳри Екатеринбург рафта, намозгузоронро ба рӯзи мавлуди Паёмбари ислом табрик гуфтаанд. Дар масҷиди ҷомеи ба номи "Имоми Аъзам Абӯҳанифа" аксаран тоҷикистониён намоз мегузоранд.

Дар хабарномаи Консулгари генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург омадааст, зимни дидор бо намозгузорон, ҳамчунин дар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва гуруҳҳои террористиву экстремистӣ сӯҳбат шудааст.

"Дар поёни сӯҳбат Имом--хатиби масҷид Раҳмуддин Ғиёсов ба Консули генералӣ ва намояндаи Вазорати, меҳнат аз номи ибодатгарони тоҷик Қуръони маҷидро туҳфа намуд,"-омадааст дар хабари расмӣ.

Як узви "Гуруҳи 24" дар Душанбе 20 сол зиндонӣ шуд

Раҳматҷони Маҳмадҷон

Додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳматҷони Маҳмадҷон, намояндаи ҳаракати "Гурӯҳи 24" дар Русияро ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.

Масъулони ин ҳаракат мегӯянд, ҳукм моҳи гузашта эълон гардида, ӯ дар ҳамкорӣ бо созмони ифротии мамнӯъ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва даъватҳои оммавӣ барои тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон муҷрим дониста шуд. Масъулини Додгоҳи шаҳри Душанбе расман дар ин бора иттилоъ надодаанд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамроҳ бо Шобудин Бадалов, як ҳамасфи дигараш моҳи июни соли гузашта дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав пикети эътирозӣ доир карданд.

Мақомоти интизомии Русия он замон ин ду нафарро ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум намуданд. Раҳматҷони Маҳмадҷон моҳи майи имсол дар шаҳри Маскав нопадид шуд.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро сиёсӣ медонанд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз "Гурӯҳи 24" боздошту зиндонӣ шуданд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

Оғози тамрини неруҳои СПАД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Тамрини неруҳои СПАД дар марз. 10 августи соли 2021

Рӯзи 18-уми октябр дар ҷануби Тоҷикистон якбора се размоиши ҳарбии нерӯҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва ё СПАД оғоз меёбад. Тамринҳо дар размоишгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Мумирак” дар наздикии марзи Афғонистон бо ширкати низомиёни Русияву Тоҷикистон, Арманистон, Белорус , Қазоқистон ва Қирғизистон то 23-юми октябр идома хоҳанд кард.

Анатолий Сидоров, раҳбари ситоди муштараки СПАД пештар гуфта буд , машқҳо бо назардошти эҳтимоли ҳолатҳои бадтарини ҷанг дар минтақа баргузор шуда,ҳангоми таҳияи нақша созмон имконоти гуногуни террористонро ба назар гирифтааст.

Дар тамринҳои муштарак чаҳор ҳазор низомӣ ва беш аз 500 адад техникаҳои ҳарбӣ иштирок хоҳанд кард. Тавофуқ барои баргузории размоишҳо рӯзи 16-уми сентябр дар ҷараёни дидори роҳбарони СПАД дар Душанбе ҳосил шуда буд.

Кишварҳои узви ин созмони зери нуфузи Русия баъди дубора ба қудрат расидани Толибон аз вазъи Афғонистон нигаронанд. Бахусус Тоҷикистон, ки бо ин кишвар беш аз 1400 километр марзи душворназорат дорад.

"Толибон" ваъда дод, ки муҳофизат аз масҷиди шиаҳоро тақвият медиҳад. ВИДЕО

Маросими дафни қурбониён дар Қандаҳор

"Толибон" ваъда додаанд, ки муҳофизати масҷидҳои шиаҳоро дар Афғонистон тақвият мебахшанд, ҳарчанд худи ин гуруҳ ба қатли намояндагони ин ақаллияти мазҳабӣ дар кишвар муттаҳам мешавад.

Ваъдаи муҳофизати масҷидҳои шиаён пас аз он садо дод, ки рӯзи ҷумъа, 15-уми октябр, дар як бомбгузорӣ ҳангоми намози ҷумъа дар Қандаҳор даҳҳо нафар кушта шуданд.

Созмони суннимазҳаби ифротии "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт. Гуруҳе аз маргталабони созмон ба масҷид роҳ ёфта, худро таркондаанд. Як мақоми расмӣ гуфт, 41 нафар кушта шуда, 70 тани дигар захм бардоштанд ва мумкин аст, талафот зиёдтар шавад.

Сардори пулиси "Толибон" дар Қандаҳор гуфтааст, воҳидҳои махсуси пулис барои муҳофизати масҷидҳои шиаён сафарбар мешаванд, ки аз ин пеш гуруҳҳои мусаллаҳи худмуҳофизатӣ онҳоро посбонӣ мекарданд.

Мавлавӣ Абдулғафор Муҳаммадӣ ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, ки ДОИШ мусулмонҳои одиро ҳадаф гирифтааст ва "Толибон" саъй мекунанд, ки гунаҳкоронро ҷазо бидиҳанд, вале то ҳол касе боздошт нашудааст.

Як ҳафта пеш аз ҳамла ба масҷиди Қандаҳор, дар ҳамла ба масҷиди шиаён дар шаҳри Кундуз 80 нафарро куштанд. Ақаллияти ҳазора, ки пайрави мазҳаби шиа ҳастанд, дар аҳди ҳукумати пешин ҳам мавриди ҳамла, аз ҷумла ҳамлаҳои "Толибон" қарор гирифтаанд.

Бо расидани "Толибон" ба қудрат ҳамлаҳо аз байн нарафтаанд. Баръакс, ҳамлаҳои хурду васеъмиқёси ДОИШ ба ғайринизомиён зиёдтар шудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Толибон ваъда додаанд, ки шиаёнро муҳофизат мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Мулоқоти фиристодаи Қазоқистон бо "Толибон"

Намояндаи вижаи президенти Қазоқистон Ержан Қозихон шаҳодатномаи тақдими 5 ҳазор тонна гандумро ба Абдулғанӣ Бародар, муовини раҳбари ҳукумати "Толибон" дод

Қазоқистон як намояндаи президентро барои мулоқот бо "Толибон" ба Афғонистон фиристод. Рӯзи 17-уми октябр дафтари матбуоти президенти Қазоқистон гуфт, Ержан Қозихон, фиристодаи вижа оид ба масоили ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, масоили ёриҳои башардӯстона ва азсаргирии тиҷорат ва равобити иқтисодиро бо намояндагони аршади маъмурияти "Толибон" баррасӣ кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

Ин нахустин сафари як ҳайати Қазоқистон ба Афғонистон аз замони дар моҳи август таҳти назорати «Толибон» гузаштани шаҳри Кобул ва аксар қарамравҳои ин кишвар мебошад. Дар хабар омадааст, ки Казихан бо муовини раиси ҳукумати «Толибон» Абдулғанӣ Бародар ва иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи «Толибон» Амирхон Муттақӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

ТАСС дар нақли қавл аз дафтари президенти Қазоқистон навишт, ки ду ҷониб ба азсаргирии тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳам идомаи барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни Афғонистон дар мактабҳои Қазоқистон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Дар хабар омадааст, ки мақоми қазоқистонӣ ба намояндагони «Толибон» гуфтаанд, ки ин кишвари Осиёи Марказӣ дар давоми чанд ҳафтаи гузашта ба ҳайси ёрии башардӯстона ба Афғонистон 5 ҳазор тонна орд тақдим кардааст.

Ин дар ҳолест, ки барои аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо омадани «Толибон» мавзӯи амнияту бехатарӣ калидӣ шудааст ва нигаронии аксар ҳамсояҳои Афғонистон ин аст, ки даҳҳо ҳазор паноҳҷӯён аз ин кишвари ноамну ҷангзада ба хоки онҳо мегузаранд.

Бархӯрди ҳукумати Қазоқистон ба «Толибон» эҳтиёткорона будааст, вале ахиран президент Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ки ин кишвар барои «равобити тиҷоратӣ бо Афғонистон» омода аст. Рӯзи 26-уми сентябр Алимҷан Эсенгелдиев, сафири Қазоқистон дар Афғонистон бо Муттақӣ мулоқот кард.

Мухолифон иддаои пирӯзӣ дар интихоботи Македонияи Шимолӣ карданд

Интихоботи маҳаллӣ дар Македонияи Шимолӣ

Дар давраи аввали интихоботи Македонияи Шимолӣ, ки рӯзи 17-уми октябр баргузор шуд, оппозитсия - ҳизби демократии Македония барои ваҳдати миллӣ (VMRO-DPMNE) иддао кард, ки дастикам 20 мақоми шаҳрдорӣ насиби ин ҳизб шудааст. Натиҷаҳои ниҳоии расмӣ ҳанӯз нашр нашудаанд. Ҳанӯз натиҷаҳои овоздиҳӣ дар пойтахт, шаҳри Скопе ҳам маълум нест, вале эҳтимол меравад, ки дар даври дуюм рақобат барои мақоми раиси пойтахт миёни номзади Иттиҳоди сотсиал-демократии Македония Петре Силегов ва номзади мустақил Данела Арсовска, ки ҳизби ваҳдати миллӣ дар пушташ истодааст, сурат мегирад. Даври дуюми интихобот 31-уми октябр барпо мешавад. Раиси ин ҳизб Ҳристиан Митсковски иддао кард, ки дар давраи якуми интихобот аз миёни 50 мақоми маъмурӣ дар саросари кишвар 20 мақомаш насиби ин ҳизб шудааст. Ҳизби ҳокими Иттиҳоди сотсиал-демократӣ иддао кард, ки 36 мақомро бурдааст. Нахуствазири Македонияи Шимолӣ Зоран Заев ҳам иддао кард, ки дар ниҳояти амр ҳамин ҳизб пирӯз мешавад.

Эрон мизбони ҷаласаи вазирони ҳамсоякишварҳои Афғонистон мешавад

"Толибон" дар вилояти Бадахшони Афғонистон. Акс аз сентябри соли 2021

Мақомоти эронӣ гуфтанд, ки поёни моҳи октябр дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад. Саид Хаттибзода, сухангӯи ВКХ Эрон рӯзи 18-уми октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки рӯзи 27-уми октябр дар як ҷаласаи ҳузурӣ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон барпо мешавад ва ин ҷаласа як рӯз идома хоҳад кард. Хаттибзода гуфт: “Дар барномаи ҷаласа идомаи муколамае дар назар аст, ки бахши аввали он ба таври фосилавӣ баргузор шуда буд. Шаш кишвар тамаркузи худро ба роҳҳои кӯмак дар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури ҳама гурӯҳҳои миллӣ равона хоҳанд кард”.

Ҷаласаи якуми онлайнии вазирони хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон рӯзи 8-уми сентябр барпо шуд ва дар кори он дипломатҳои баландпояи Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок карданд.

Дар бораи ин ҷаласа ва ҳам нақшаҳои ширкати ҷониби Тоҷикистон дар ин нишаст мақомот дар Душанбе ҳанӯз ҳеҷ хабаре нашр накардаанд. Дар робита бо ҳукумати Афғонистон, ки аз моҳи августи имсол аксар қаламравҳояш зери назари “Толибон” гузаштааст, то ҳол танҳо Тоҷикистон ба таври ошкору қотеона гуфтааст, ки ин гурӯҳро ба расмият нахоҳад шинохт ва хостори дидани як ҳукумати фарогир аз ҳама гурӯҳҳои ҷомеаи Афғонистон мебошад. Дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон зоҳиран моили музокираву ҳамкорӣ бо “Толибон” мебошанд.

Шурӯи сафари вазири дифои ИМА ба Гурҷистон

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин субҳи 18-уми октябр ба нишони пуштибонӣ аз Гурҷистон дар муқобили рафтори хашину таҷовузгаронаи Русия вориди Тифлис шуд. Қарор аст пеш аз расидан ба ҷаласаи вазирони дифои узви кишварҳои НАТО, ки рӯзҳои 21-22 октябр дар шари Брюссел баргузор мешавад, Остин инчунин ба Украина ва Руминия ҳам сафар кунад. Ин нахустин сафари раҳбари Пентагон ба Гурҷистон баъди соли 2014 мебошад. Як мақоми баландпояи вазорати дифои ИМА як рӯз пеш аз ин гуфт, “Мо соҳибихтиёрии кишварҳоеро итминон ва тақвият медиҳем, ки дар сафи пеши таҷовузи Русия қарор доранд”.

Сафари мазкур мавриди истиқболи раҳбарияти Гурҷистон қарор гирифтааст, чун як ормони Тифлис узвияти комил дар паймони низомии НАТО мебошад. Гурҷистон як шарики ин эътилофи ғарбӣ ба шумор меравад.

Соли 2008 Гурҷистон ва Русия давоми панҷ рӯзи моҳи август вориди ҷанг шуданд ва аз он замон то имрӯз нирӯҳои Русия дар минтақаҳои Осетияи Ҷанубиву Абхозистони Гурҷистон боқӣ мемонанд. Ин ду минтақа истиқлолияти худро аз ҳайати Гурҷистон эълон кардаанд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ инро ба расмият нашинохтааст. Маскав тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки Гурҷистон ба узвияти НАТО шомил нашавад.

Дар ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон фурудгоҳ сохтанд

Дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Узбекистон, ки дар дохили вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст, фурудгоҳи нав сохтанд.

Аз мақомоти волияти Фарғона гуфтанд, фурудгоҳи нав ба зудӣ ба қабули ҳавопаймоҳо шуруъ мекунад. Фурудгоҳи нав дар майдони 7 га сохта шуда, дарозии хатти фуруду парвози ҳавопаймоҳо 700 метрро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Сӯхи Узбекистон аз 350 километри мураббаъ иборат буда, комилан дар иҳотаи вилояти Бодканди Қирғизистон аст. Барои вуруд ба Сӯх бояд 20 км ҳудуди Қирғизистонро тай кард.

Роҳ ба сӯи Сӯх дар соли 2013, баъди низоъ дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон, баста шуда буд. Роҳ танҳо моҳи апрели соли ҷорӣ боз шуд. Бо ин вуҷуд, мошинҳои борбар то кунун иҷозаи убур аз онро надоранд.

Байни сокинони наздимарзии Сӯхи Узбекистон бо Бодканди Қирғизистон барои тақсими обу замину роҳ гоҳу ногаҳ нофаҳмӣ ва занозанӣ сар мезанад. Як чунин низоъ дар моҳи майи соли гузашта рух дода буд. Дар натиҷаи низоъ марзҳои ду давлат баста шуда, сокинони Сӯх дар муҳосира уфтоданд.

Баъди он низоъ мақомоти Узбекистон тасмим гирифтанд, ки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия чораҷӯӣ кунанд. Сохтмони фурудгоҳ аз ҷумла он чораҳост.

Дар Қирғизистон неруи барқ барои корхонаҳо гарон шуд

Дар Қирғизистон шуруъ аз 15-уми октябр тарофаҳои нави неруи барқ ҷорӣ шуданд, ки айни ҳол танҳо ба корхонаҳои саноатӣ дахл доранд.

Вазорати энержӣ ва саноати Қирғизистон гуфт, барои сокинон қимати барқ дар сатҳи 77 тийин барои 1 кВт/соат боқӣ мемонад. Дар сурати истифодаи барқ дар моҳ аз сӯи сокинон аз 700 кВт/соат бештар шавад, онҳо ҳар киловати он 2 сому 16 тийин ҳисоб карда мешавад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, маҳдудият ё лимити барқ барои сокинони минтақаҳои дурдасти куҳӣ бекор мегардад. Барои онҳо як кВт/соат неруи барқ 77 тийин фурӯхта мешавад.

Ба ин тартиб, барои корхонаҳои саноатӣ, вобаста аз навъи истеҳсолоташон, неруи барқ аз 1,09 сом то ба 3,78 сом барои ҳар киловат/соат расонида мешавад.

Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, ки дар соли 2021 неруи барқ барои сокинон гарон нахоҳад шуд, аммо дар солҳои оянда марҳила ба марҳила тарофаҳо иваз мешаванд.

Мақола дар бораи "ҳамсари Назарбоев" аз сомонаи HOLA News пок карда шуд

Асел Курманбоева ҳамчун ҳамсари ғайрирасмии Назарбоев ном мебаранд

Алишер Ҳайдаров ва Адилет Турсунбек - муассисони сомонаи иттилоотии HOLA News дар Қазоқистон эълом карданд, ки барканор мешаванд. Сармуҳаррири сомона Зарина Аҳмадова низ гуфт, аз кор меравад.

Хабари барканорӣ ва аз кор рафтани муассисону сармуҳаррир рӯзи 15-уми октябр дар сомонаи мазкур нашр шуд. HOLA News 10 рӯз дастнорас буд ва рӯзи 14-уми октябр дубора дастрас шуд.

"Вазъият чунин сурат гирифт, ки мо баъди 10 рӯзи баста будани сомона хилофи усулҳои худ амал карда, хабарро аз сомона бардоштем", - омадааст дар хабари HOLA News.

Сомонаи HOLA News хабар дар бораи таҳқиқоти Pandora Papers-ро пок кард, ки дар бораи дороиҳои пинҳони "ҳамсари ғайрирасмии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев" иттилоъ медод. Рӯзноманигорон дар як тарҳи байналхалқӣ ибтидои моҳи октябр таҳқиқотеро нашр карданд, ки дар бораи дороиҳои пинҳони бисёре аз мансабдорони кишварҳои гуногун иттилоъ медод. Дар ин таҳқиқот аз ҷумла гуфта шудааст, ки одамони атрофи Назарбоев ба Асел Курманбоева маблағ пардохт мекардаанд. Расонаҳо аз Асел Курманбоева ҳамчун ҳамсари ғайрирасмии Назарбоев ном мебаранд.

Муассисон ва сармуҳаррири сомонаи HOLA News, ки ин идораро тарк карданд, навиштанд, "тими нав фаъолияти сомонаро пеш мебарад".

Созмони амрикоии Freedom House Қазоқистонро ба шумори кишварҳое шомил кардааст, ки "интернети озод" надоранд. Дар гузориши моҳи сентябри ин созмон омадааст, ҳукумати Қазоқистон бо истифода аз васоили мухталиф, аз ҷумла "фишори мустақим" дастрасӣ ба интернетро маҳдуд мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG