Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шитоби ҳукумати Амрико ба кӯмаки бонкҳо


Ҳукумати Амрико гуфт, аз конгресс хоҳад хост, то иҷоза бидиҳад, ки ҳукумат қарзҳои бефоидаи бонку муассисаҳои молии заъифшударо дар Амрикоро бо 700 миллиард доллар бихарад. Тайи чанд даҳсола бори аввал аст, ки ҳукумати Амрико барои роҳ надоданд ба амиқрафти бӯҳрон дар низоми молии ин кишвар ба чунин иқдом даст мезанад. Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш гуфт, иҷозаи конгресс ба ҳукумат имкон медиҳад, то қарзҳои бефоидаи муассисаҳои молии Амрикоро то ду соли оянда ба ихтиёри худ бигирад. Вазири дороии Амрико Ҳенрӣ Паулсон рӯзи ҷумъа гуфт, барои пешгирӣ аз фалокати системаи молӣ ҳукумат ба ёрии муассисаҳои молӣ хоҳад шитофт. Баъди ин эълом, қимати саҳмияҳо дар бозорҳои молӣ боло рафт.
XS
SM
MD
LG