Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозорҳои молӣ ҷон гирифтанд


Normal 0 Пас аз эъломи ҳукумати Амрико ҷиҳати кам кардани таъсири бӯҳрони азими молӣ дар як даҳаи ахир, қимати саҳмияҳо дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ боло рафтанд. Рӯзи ҷумъа нархи саҳмияҳо дар бозорҳои бурси Амрико, Аврупо ва Русия афзоиш ёфт, чун ҳукумати Иёлоти Муттаҳида гуфт, садҳо миллиард доллар қарзҳои бефоидаи бонку муассисаҳои молии тиҳидастшударо мехарад. Бар асоси гузоришҳо, ин барнома барои андозсупорандагони Амрико бештар аз 500 миллиар долларро ташкил хоҳад дод. Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, иқтисоди кишвараш дар марҳилаи ниҳоят муҳим ва мушкилоти бесобиқае қарор дорад ва ҳукумат низ бояд бо иқдомоти бесобиқа ба он посух диҳад. Normal 0
XS
SM
MD
LG