Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс Русияро танқид кард


Normal 0

Роберт Гейтс вазири дифоъи Амрико давлати Русияро ба “таҳдиду зӯроварӣ ба демократияҳои хурд” муттаҳам кард, вале гуфт, Русия мисли шӯравии собиқ барои ҷаҳон хатар эҷод намекунад. Дар як суханронӣ дар наздикии шаҳри Оксфорд дар Бритониё Роберт Гейтс гуфт, сиёсати ҳозираи Русия аз иштиёқаш барои таҳти назорат гирифтани "хориҷаи наздик" аст, на бахше аз идеологияи тассалут доштан дар ҷаҳон. Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев рӯзи ҷумъа гуфт, кишвараш ба фишорҳои кишварҳои ғарбӣ тан нахоҳад дод ва ё намегузорад, ки барои муноқишааш бо Гурҷистон дар инзивои байналмилалӣ қарор бигирад.

XS
SM
MD
LG