Дастаи “Регар”ТадАз”-и шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар бозии ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми раиси AFC - Конфедеросиюни футболи қораи Осиё, бар тими “Ишқобод”-и Туркманистон баранда шуд.
Ду қисми асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 3:3 анҷом ёфт, вале дар қисми иловагӣ бахт ба рӯи футболбозони тоҷик хандид ва онҳо тӯби чорумро вориди дарвозаи ҳариф карданд.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, доир шуд.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми раиси AFC, “Регар-ТадАЗ” бо тими “Дордой-Динамо”-и Қирғизистон, ки дар даври ниманиҳоӣ “Непал Полис Клаб”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, вориди рақобат хоҳад шуд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 21 сентябр низ дар варзишгоҳи “Спартак”-и Бишкек баргузор хоҳад шуд.