Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду кӯдак бар асари таркиш


Дар пайи инфиҷори як моддаи тарканда дар деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Восеъ ду ноболиғ ба ҳалокат расида, се навраси дигар маҷруҳ гардидааст.

Тибқи иттилоъи мақомоти расмии ноҳияи Восеъ, наврасон ҳини бозӣ дар партобгоҳи назди деҳа ба моддаи монанд ба норинҷак даст задаанд ва он таркида, боиси марги онҳо шудааст. Дар пайи ҳамин таркиш наврасон Маҳмадҷон Азизов ва Навруз Забаров дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд.

Дар байни се нафари маҷрӯҳшуда як нафар духтар ҳам мебошад. Ҳодисаи мазкур ҳангоми бозгашти наврасон аз мактаб рӯх додааст. Коршиносон тахмин мекунанд, ки ин маводи тарканда аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондааст.

Чунин ҳодиса дар минтақаи Кӯлоб бори аввал нест. Ду сол қабл дар ноҳияи Кӯлоб бар асари чунин як инфиҷор як нафар ҳалок ва як нафри дигар маҷрӯҳ гардида буд.

XS
SM
MD
LG