Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи мусбати тарҳи Тоҷикистон ва СММ


Тарҳи муштараки давлати Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ барои таҳияи мустақилонаи буҷет дар маҳаллҳо натоиҷи мусбат додааст.

Роҳандозии ин тарҳ имкон додааст, ки дар таҳия ва танзими буҷет намояндагони ҷомеъа ва созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ ширкат варзанд. Ба эътиқоди коршиносон, чунин тарзи таҳияи буҷет заминаро барои худкифо шудани манотиқи Тоҷикистон фароҳам кардаааст.

Ширкати созмонҳои иҷтимоӣ, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеъа дар ҷараёни таҳия ва танзими буҷетҳои маҳаллӣ ва таъмини шаффофият дар харҷи маблағҳои буҷавӣ аз аҳдофи аслии тарҳи муштараки Барномаи рушди СММ ва давлати Тоҷикистон унвон мешавад. Ин тарҳ бо маблағи 260 ҳазор доллар ва тайи ду соли ахир дар чаҳор ноҳия - Файзобод, Турсунзода, Рӯдакӣ ва Ваҳдат ба иҷро гузошта шудааст.

Бештари ширкатдорони ин нишаст, аз ҷумла Абдуманнон Каримов, сардори шӯъбаи молияи ноҳияи Ваҳдат, мегӯянд, бо роҳандозии ин тарҳ ҷараёни таҳияи буҷети маҳаллӣ ба мартиб сода ва осонтар шудааст. Зеро ин тарзи таҳияи буҷет, ки дар муҳокимаи умум гузошта шуда ва бо дарназардошти афкори ҷомеъа омода мешавад, имконияти харҷи нодурусти маболиғи ноҳияро аз байн мебарад ва баракс шаротиро барои сарфи муассири маблағ мусоид месозад.

Оқои Каримов афзуд, лоиҳаи буҷаи ноҳия дар ҷамоъатҳо бо ширкати мардум баррасӣ мешавад ва мардум пешниҳод ва дархостҳои худро барои тағйири вазъи маҳаллӣ худ матраҳ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Давлаталӣ Элназаров, муъовини сардори бахши буҷети маҳалӣ дар вазорати молияи Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки ҷорӣ кардани ин тарзи таҳияи буҷет дар бақия навоҳии кишвар низ самараи хуб хоҳад овард. Оқои Элназаров гуфт, то кунун чаҳор минтақаи кишвар - вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, Турсунзода ва Ҳисор худкифо буданд. Ва имкон дорад соли оянда буҷети ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар доираи тарҳи мазкур таҳия мешавад ва низ шаҳри Роғун худкифо шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки буҷети вилоятҳои Хатлону Бадашон ва аксари навоҳии тобеъи маркази кишвар аз сӯи давлати Тоҷикистон таъмини молӣ мешавад.

Зимнан ҳамин манбаъ афзуд, ки аксари навоҳии кӯҳистонии кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд низ ноҳияҳои Масчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент аз сӯи давлат ёрии молӣ дарёфт мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Юсуф Қурбонхоҷаев, як масъули Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба беҳтар шудани вазъи таҳияи буҷети маҳаллӣ ва таъмини шаффофият дар харҷи он дар чаҳор ноҳияи таҷрибашуда иштироки васеъи ҷомеъаи маданиро дар кори таҳияи буҷетҳои маҳаллӣ аз ин ба баъд муҳим арзёбӣ кард. Оқои Қурбонхоҷаев афзуд, ҳоло бархе аз созмонҳои байнулмилалӣ талош доранд аз ин таҷриба дар навоҳии дигари Тоҷикистон низ истифода шавад.

Ширкатдорони нишаст бар ин нукта низ таъкид карданд, ки тарзи таҳияи буҷет дар муқоиса бо даврони Шӯравӣ ба самти мусбат тағйир ёфтааст. Аммо ҳанӯз ҳам дахолати мақомоти болоии идороти молия ба фаъолияти сохторҳои маҳаллӣ боқӣ монда ва аз сӯи дигар дар роҳи харҷи маболиғи буҷҷа дар манотиқ мустақилият муроъот намешавад. Ва то ба ҳол муқаррароти омӯзиш ва таъйиди буҷети маҳалҳо дар идороти марказӣ ҳифз шудаааст, ки танҳо баъди анҷоми ин кор иҷоза ба иҷрои он дода мешавад.


XS
SM
MD
LG