Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко ҷонибдори беҳбуди равобит бо ғарб аст


Дирӯз дар сӯҳбат бо хабарнигорон президенти Беларус Александр Лукашенко аз кишварҳои ғарбӣ даъват кард, ки интихоботи парламентии моҳи равонро эътироф намуда, баҳри беҳбуди равобит талош варзанд.
Рӯзномаҳои англисии "Financial Times" ва олмонии "Frankfurter Allgemeine Zeitung" дар шумораи имрӯзаашон мусоҳиба бо раисҷумҳури Беларусро ба табъ расондаанд.
Лукашенко гуфтааст: "Мо мехоҳем, ки шумо моро қабул кунед, мехоҳем интихоботи моро дастгирӣ ва эътироф кунед."
Лукашенко 14 сол инҷониб дар сари қудрат аст. ИМА ва кишварҳои аврупоӣ ӯро бо тақаллуб дар интихобот, таъқиби мухолифин ва бастани нашрияҳои мустақил муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG