Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як хонуми амрикоӣ дар ҳамла ба сафорат


Дар ҳамлаи дирӯза ба сафорати Амрико дар шаҳри Санъо як хонуми амрикоӣ низ ба ҳалокат расидааст. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи ИМА, ҳамсари ин хонум – шаҳрванди Яман низ дар ин ҳодиса кушта шудааст.

Мақомоти Яман бо гумони даст доштан дар ҳамла ба сафоратхонаи Амрико Санъо 19 нафарро боздошт кардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” бо такя ба мақомоти расмии Яман хабар додааст. Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба бинои сафоратхонаи Амрико дар пойтахти Яман дирӯз сурат гирифта буд – дар аввал дар канори бино як мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор кард ва ба думболи он тирпарронӣ шурӯъ шуд. Дар задухурд 16 нафар аз ҷумла, шаш тан аз ҳамлагарон кушта шуданд.

Вазорати хориҷаи Амрико ҳадс мезанад, ки ҳамла ба сафорат аз сӯи созмони “Ал-Қоида” тарҳрезӣ ва татбиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG