Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷакент: Говдуздии шаҳрвандони Узбакистон


Сокинони деҳаи Қатағани ноҳияи Ургути Узбакистон тариқи марзшиканӣ вориди Тоҷикистон шуда, дар деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент 26 сар говҳои мардуми маҳаллиро ба ғорат бурдаанд.

Олимқул Ҳармоқулов, сарвари воҳиди кишаварзӣ дар деҳаи Фароб ба радиои Озодӣ гуфт, тақрибан соати яки шаб 12 нафар шаҳрвандони Узбакистон тавассути марзшиканӣ ба маҳалли хоҷагии Ғелониёни деҳаи Фароб омада, бародарони чӯпон - Ҳаитбой ва Шариф Саидовҳоро бо чубу калтак латукӯб карда, беҳуш сохтаанд ва 26 сар говҳои воҳидҳои кишоварзӣ ва сокинони маҳаллиро ба ғорат бурдаанд.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи марзбонони тоҷики мустақар дар деҳаи Фароб якҷоя бо кормандони милиса ин қазияро баррасӣ менамоянд. Гуфта мешавад, дар натиҷаи амалиёти фаврии сарҳадбонон ва кормандони милиса ду нафар аз афроди ғоратгар – шаҳрвандони Узбакистон, сокинони деҳаи Қатағани ноҳияи Ургути ин кишвар дастгир шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Панҷакент қарор доранд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.

Баъди дахолати сарҳадбонон аз 26 сар гови рабудашуда 10-тои он баргардонида шуда, боқимонда ҷустуҷӯ мешаванд. Оқои Ҳамроқулов мегӯяд, чарогоҳи онҳо дар 120-километрии маркази ноҳияи Панҷакент миёни марзи Тоҷикистон ва Узбакистон ҷойгир аст. Вай афзуд, агарчи дар хати марз аз ҷониби мақомоти қудратии Узбакистон минаҳо гузошта шудаанд, вале бо ин вуҷуд шаҳрвандони Узбакистон ҳар сари чанд вақт ғайриқонунӣ вориди марзи Тоҷикистон мешаванд.

Ба қавли ҳамин манбаъ, дуздии чорвои сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон аз сӯи шаҳрвандони Узбакистон бори аввал нест. Ду моҳ қабл низ чор нафар марзбонони узбак бо марзшиканӣ вориди хоки Тоҷикистон шуда, шаш сар гови ҷамоъати Моҳиёни ноҳияи Панҷакентро ба ғорат бурда буданд.

XS
SM
MD
LG