«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба кард. Бозии CSKA «Помир»-и Душанбе бо дастаи меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Дар ҳамин ҳол, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар 20 бозӣ 50 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. Воқеъан, «Регар» ТадАЗ дар даври ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 19-уми сентябр бо дастаи «Ишқобод»-и Туркманистон қувваозмоӣ мекунад. Ин бозӣ соати 11 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи марказии «Спартак»-и пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек оғоз мешавад. Сипас бозии дуввуми ниманиҳоӣ дар ин варзишгоҳ байни дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва «Полис Клаб»-и Непал баргузор мегардад. Ғолибони даври ниманиҳоӣ ба бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 21-уми сентябр барпо мешавад, роҳ меёбанд.
Дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа 45-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Парвоз» дар ҷои дуввум, «Вахш» дар ҷои севум мебошанд. Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 44 имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор дорад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | «Регар» ТадАЗ | 20 | 16 | 2 | 2 | 68-17 | 50 |
2 | «Парвоз» | 20 | 14 | 3 | 3 | 42-18 | 45 |
3 | «Вахш» | 21 | 14 | 3 | 4 | 39-17 | 45 |
4 | «Хуҷанд» | 20 | 14 | 2 | 4 | 28-13 | 44 |
5 | «Энергетик» | 23 | 10 | 3 | 10 | 39-34 | 33 |
6 | «Динамо» | 20 | 9 | 4 | 7 | 32-30 | 31 |
7 | «Тоҷиктелеком» | 21 | 7 | 1 | 13 | 29-42 | 22 |
8 | «Саройкамар» | 22 | 5 | 4 | 13 | 30-41 | 19 |
9 | «Гвардия» | 23 | 5 | 3 | 15 | 22-50 | 18 |
10 | CSKA «Помир» | 22 | 5 | 1 | 16 | 14-45 | 16 |
11 | «Равшан» | 22 | 4 | 2 | 16 | 20-56 | 14 |
Маорифи н Восе хеле хуб кор када истодааст бисёр мактабхоро обод кардан Иншаоллох инашрохам хал мекунанд
БАЛЕ ШАХРВАНД !!!!!!!!
На аз демократаш фойда на аз комунисташ. Безор шидем аз хамаш
Тавба кардам ин партия Ягон идора офис е ин ки чои чаласа гузарони Хам надорад . Ман Хайрон ин хел Хам Будаст ?????
И беном ачаб содда будааст. Хиел мекна союз СССР мешава. И ховта бра да ов бгу. Наход ика бесавод боши.