Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон меафзояд


Р. Гейтс, вазири дифоъи ИМА, ваъда дод, ки шумори нерӯҳоро дар Афғонистон то 134 000 нафар хоҳад афзуд.

Дар пайи дидору гуфтугӯҳо бо раисҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай дар Кобул, вазири дифои Амрико Роберт Гейтс аз куштори мардуми осоишта дар бомбборонҳои охир изҳори таассуф кард ва ваъда дод, ки нерӯҳои ИМА дар оянда барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо талош ба харҷ хоҳад дод. РобертГейтсбаАфғонистонваъдадод, кишумори нерӯҳородаринкишварто 134 000 нафар афзоиш медиҳад ва то соли оянда 25 000 сарбози иловагӣ ба сафи нерӯҳои байнулмилалии таҳти сарпарастии ИМА ва NATO мепайванданд.
Феълан дар Афғонистон 33 000 сарбози амрикоӣ хизмат мекунанд. Аммо генерал Дейвид Маккирнен, фармондеҳи нируҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон барои мубориза бо шӯришиёни Толибон ва ал-Қоъида 10 ҳазор нирӯи бештарро тақозо кардааст: "Хатар дар ин аст, ки ҳар қадар тӯлонитар мо дар ин ҷо бимонем, ҳамон қадар талафоти ҷониву захираҳои бештари мо аз даст меравад, ин дар ҳолест, ки мо метавонистем ҳар чи зудтар захираҳои бештарро дар ин маърака ҷалб кунем".
Дар суханронии худ Гейтс инчунин ба чолишҳои дигари нерӯҳои байнулмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон таъкид кард: "Ҳамонтавре ки ҳамаи мо медонем, амният як бахши масъала аст. Пешрафт ва мудирияти дуруст ҳамчунин муҳим мебошад. Ҷомеаи байнулмилалӣ таҳти таъсири ҳадафҳои стратегияи рушди миллии Афғонистон қарор гирифтааст, ки дар конфронси моҳи июни Париж баргузор шуд ва дар он кишварҳои донор ваъдаи ихтисоси 21 миллиард доллар кумакро ба мардуми Афғонистон карданд".
Бо вуҷуди ин, ки Гейтс амалиёти Толибонро дар марз бо Покистон "пархошгарона" сифат дода онро чун иллати аслии болоравии мавҷи хушунатҳо дар минтақа арзёбӣ кард, аммо ба танқиди мустақими Покистон даст назад ва ба зарурати ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар ин амр таъкид намуд: "Ба фикри ман ИМА барои кор бо ҳукумати Покистон аз наздик ва зиёд кор хоҳад кард, то ки онҳое, ки марзи Покистонро ба паноҳгоҳи худ табдил додаанд, бемуҷозот намонанд. Ҳамонтавре ки қаблан ҳам гуфтам, мо аз амалиёти низомии Покистон дар марз тӯли чанд ҳафтаи охир таҳти таъсир мондаем".
Дар ҳамин ҳол, адмирал Майк Мӯллен, фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои амрикоӣ дар он тарафи марз дар Исломобод бо мақомоти мулкиву низомии Покистон дидору гуфтугӯҳо анҷом медод.
Аз суҳбатҳои шадидлаҳни раҳбарони Покистон ва пурсишҳои афкори умум дидан мумкин аст, ки рейдҳои заминии нерӯҳои амрикоӣ 3 сентябр дар деҳаи Ангураддаи Вазиристони Ҷанубӣ, воқеъ дар марз бо Афғонистон бисёриҳоро хашмолуд кардааст. Рейдинахустинирасманқайдшудамегӯяд, кидаринамалиётҳудудан 20 нафар кушта шуданд ва то ҳанӯз ҷонибҳо баҳс доранд, ки оё қурбониҳо ҷангӣ буданд ё мардуми осоишта.
Бо ин вуҷуд, ҳафтаи гузашта маҷаллаи амрикоии «Newsweek» навишт, ки низомиёни амрикоиву покистонӣ ба як дарки тактикие даст ёфтанд, ки ба амрикоиҳо иҷозаи анҷоми рейдҳоро дар қаламрави Покистон медиҳад, ва ҳамзамон Исломобод иҷоза хоҳад дошт, ки ИМА-ро барои анҷоми ин амалиёт интиқод кунад.
XS
SM
MD
LG