Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати ИМА ширкати бимаро наҷот медиҳад


Ҳукумати ИМА мувофиқат кардааст, ки барои наҷоти ширкати бимаи AIG (American International Group) аз варшикастагӣ 85 миллиард доллар тахсис диҳад. Дар изҳороти Бонки Марказии ИМА гуфта мешавад, ки бар пояи мувофиқат 80% саҳмияҳои AIG ба ихтиёри ҳукумат мегузаранд. Ба қавли мақомоти амрикоӣ сабаби дастгирии ширкати ёдшуда ҳифзи бозори молии ИМА аз нооромии бештар аст. Рӯзи сешанбе бозорҳои ҷаҳонӣ бо нигаронӣ аз эҳтимоли варшикастагии AIG ба қадри кофӣ ноором буданд.
XS
SM
MD
LG