Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар ҷилди "Фарҳанг"-и нав 200 сомонист


Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, фарҳанги нави тафсирии забони тоҷикиро дар 2 ҷилд ва бо теъдоди 5 000 нусха дар як чопхонаи Эрон нашр кардааст.

Саид Каримов, донишманди тоҷик ва аз муаллифони “Фарҳанг”-и ҷадид ба Радиои Озодӣ гуфт, ин фарҳанг тафсири беш аз 80 000 калимаву ибораро дар бар мегирад ва ин дар ҳолест, ки "Фарҳанги забони тоҷикӣ"-и чопи солҳои шаст танҳо 45 000 калимаву ибораро тафсир мекард.

Нархи ҳар ҷилди “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” дар фурӯш 200 сомонӣ таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG