Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Одиерно раҳбари нави нерӯҳои ИМА дар Ироқ


Имрӯз генерал Дейвид Петреус аз вазифаи фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ барканор мешавад. Дар давоми 19 моҳи раҳбарии Петреус ба ин кишвар 30000 сарбози иловагӣ фиристода шуданд ва вазъи Ироқ ба қадри қобили мулоҳиза беҳбуд ёфт. Петреус фармондеҳии наздик ба 150000 низомии амрикоиро ба генерал Рей Одиерно месупорад. Рӯзи душанбе вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс дар ҷараёни як сафари ғайримунтазира ба Бағдод гуфт, ки Одиерно бояд роҳе пайдо намуда, сарфи назар аз коҳиши шумораи сарбозони амрикоӣ вазъи амниятии Ироқро боз ҳам беҳбуд бахшад. Дирӯз бар асари бомбгузориҳо дар Ироқ ҳадди ақалл 34 кас кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG