Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунгоҳи ҳаставии СММ аз ҳамкории Эрон норизост


Бунгоҳи ҳаставии СММ мегӯяд, адами ҳамкории Эрон боиси таваққуфи тафтиши иттиҳоми иктишофии тавлиди пинҳонии силоҳи ҳаставӣ дар Ҷумҳурии исломӣ шудааст.
Дар гузориши ахири Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ ҳамчунон таъкид шудааст, ки Эрон ҳамоно тақозои СММ дар мавриди қатъи ғанигардонии уранро нодида мегирад. Дар гузориш омадааст, ки феълан дар Эрон 3820 сентрифуга бо ғанигардонии уран машғул буда, 2000 сентрифугаи дигар дар ҳоли насб мебошанд.

Дар ин робита сухангӯи Қасри Сафед хонум Дана Перино гуфт:
"Хуб, ба фикрам гузориши Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ бори дигар собит мекунад, ки Эрон аз ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ худдорӣ мекунад. Ин интихобест, ки Эрон кардааст, ва мо ҳам ҳамроҳ бо муттафиқонамон мебинем, ки иқдоми баъдиамон чӣ хоҳад буд."
Як мансабдори эронӣ дар ҷавоб ба гузориши бунгоҳи ҳаставии СММ гуфт, ки Ҷумҳурии исломӣ ҳамкорӣ бо агентиро идома медиҳад, то нигарониҳои боқимонда рафъ гарданд.

XS
SM
MD
LG