Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров ба Осетияи Ҷанубӣ меравад


Қарор аст, имрӯз Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия, ба Осетияи Ҷанубӣ минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон сафар кунад. Русия моҳи гузашта нерӯҳои Гурҷистонро ки мехостанд, Осетияи Ҷанубиро дигарбора тобеъи ҳукумати марказӣ кунанд, аз ин минтақа ронд. Баъдан Русия ин минтақа ва Абхозистонро ба ҳайси кишварҳои мустақил ба расмият шинохт, амале, ки аз тарафи ҳукумати Гурҷистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико маҳкум шуд. Сергей Лавров рӯзи якшанбе дар Абхозистон бо раҳбари ҷудоихоҳон Сергей Багапш тарҳи санади ҳамкориеро баррасӣ кард, ки зоҳиран дар чанд рӯзи оянда имзо мешавад. Вазири умури хориҷаи Гурҷистон Екатерина Ткешелашвилӣ сафари Сергей Лавровро “масхара” номидааст.

XS
SM
MD
LG