Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бознигарии барномаи ҳаставии Эрон


Имрӯз бунгоҳи ҳаставии СММ нашри гузориши навбатиаш пиромуни барномаи ҳаставии баҳсбарангези Эронро мадди назар гирифтааст. Баъзе дипломатҳо ба хабаргузории Рейтерс гуфтаанд, ки шояд дар гузориши Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ таъкид шавад, ки Эрон ба тадриҷ имконоти ғанигардонии уранро тавсеа мебахшад. Амали мазкур метавонад дар оянда ба тавлиди маводи сӯхт ва силоҳи ҳаставӣ роҳ кушояд.
Рӯзи якшанбе вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ иброз дошт, ки ҳамкории кишвараш бо Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ самимиву ҷиддӣ мебошад. Теҳрон иттиҳоми ИМА ва Исроил дар бораи кӯшиши пинҳонии тавлиди бомбаи ҳаставиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG