Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА амалиёти рафъи оқибатҳои Айк идома дорад


Гурӯҳҳои наҷот дар шаҳрҳои соҳилии аёлати Тексас (Техас)-и ИМА бо рафъи хасороти тӯфони Айк машғул мебошанд. Айк манотиқи зиёдро зери об қарор дода, миллионҳо сокини ин минтақа ва аз ҷумла чорумин бузургтарин шаҳри ИМА: Ҳюстонро аз нерӯи барқ маҳрум кард.
Мақомоти Ҳюстон қуйуди шабгардӣ эълон кардаанд. Дейвид Полисон маъмури хадамоти федералии ҳолатҳои изтирории ИМА изҳор намуд, ки аксари мардум аз нерӯи барқ, оби ошомиданӣ ва дигар маводи ниёзи авввалия маҳрум мебошанду фурӯшгоҳҳо бастаанд. Тибқи омори пешакӣ амалиёти таъмиру тармими хасорот ба 18 миллиард доллар баробар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG