Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дасти 18 нафар дар таркишҳои Ҳиндустон


Мақомоти Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон мегӯянд, ки дар паи чанд таркише, ки рӯзи шанбе ин шаҳрро такон дод, дасти кам 18 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар саросари пойтахт дар тӯли рӯз ҳадди аққал ҳафт таркиш рӯй дод, ки чаҳортоаш бо фосилаи 45 дақиқа дар маҳалҳои тиҷоратии Деҳлӣ рух дод. Вазири умури дохила Шивраҷ Патил гуфт, ки ҳамаи ин таркишҳо ҳамоҳангшуда буда, бо ҳадафи аз байн бурдани мардум ва харобиҳои зиёд рӯй додааст. Полис ва расонаҳо гуфтанд, ки масъулияти таркишҳои рӯзи шанберо гурӯҳои исломии "Муҷоҳидони Ҳинд" бар ӯҳда гирифтааст. Гурӯҳи мазкур гуфтааст, ки дар таркишҳои дигари имсолаи Ҳиндустон, аз ҷумла таркише дар аёлати Гуҷорат, ки мунҷар ба марги 45 нафар шуд, даст дорад.
XS
SM
MD
LG