Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҷоҳидони Ҳинд" 7 нафарро куштанд


Мақомоти Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон мегӯянд, ки дар паи чанд таркише, ки рӯзи шанбе ин шаҳрро такон дод, дасти кам 7 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ҳадди аққал чаҳор таркиш бо фосилаи 45 дақиқа дар маҳалҳои тиҷоратии Деҳлӣ рух дод. Дар ин минтақа мардуми зиёди бозорӣ ё онҳое, ки барои харид омада буданд, қарор доштанд. Полис ва расонаҳо гуфтанд, ки масъулияти таркишҳои рӯзи шанберо гурӯҳои исломии "Муҷоҳидони Ҳинд" бар ӯҳда гирифтааст. Гурӯҳи мазкур гуфтааст, ки дар таркишҳои дигари имосла ҳам дар Ҳиндустон даст дорад.
XS
SM
MD
LG