Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари оҷил: Даргириҳо дар пойтахти Туркманистон


Аз пойтахти Туркманистон хабар мерасад, ки дар тӯли шаби гузашта миёни нирӯҳои амниятӣ ва гурӯҳи номаълуми исломӣ тирандозиҳои шадид ба миён омадааст. Бахши туркмании радиои Озодӣ роҷеъ ба талафоти ҷонӣ дар ҳарду ҷониб хабар медиҳад. Сафорати Амрико дар Ашқобод хабари даргириҳоро дар пойтахти Туркманистонро таъйид кард, аммо то ҳанӯз тафсилоти ин рӯёрӯиҳо дар даст нест. Расонаҳои таҳти контроли давлати Туркманистон ҳам дар ин мавзӯъ хомӯширо ихтиёр кардаанд. Хабарнигорони Озодӣ талош карданд ба маҳалли тирандозиҳо роҳ ёбанд, аммо бо монеаҳои полис рӯбарӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG