Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бамгузори интиҳорӣ ду нафарро дар шимоли Ироқ кушт


Пулиси Ироқ мегуяд, як бамгузори интиҳорӣ дар назди масҷиди шиъаҳо дар шаҳраки Ниневеҳ воқеъ дар ғарби Мосул худро мунфаҷир кардааст, ки дар натиҷа ду нафар кушта, беш аз даҳ нафар ҷароҳат бардоштаанд. Авод Халил-раиси пулиси минтақа гуфт, бамгузори интиҳорӣ ин табаҳкориро дар даромадгоҳи масҷиди Санҷар анҷом додааст. Вазъи амниятӣ моҳҳои ахир дар Мосул беҳтар шудааст, вале дар атрофи Мосул шуришиёни суннӣ ҳамоно фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG