Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо ба милисаи Исфара ҳамла карданд?


Яке аз милисаҳои захмӣ дар бемористон
Яке аз милисаҳои захмӣ дар бемористон

Мақомоти интизомии вилояти Суғд масъулияти ҳамлаи дувуми мусаллаҳона ба милисаи Исфараро бар дӯши Ҳаракати Исломии Узбакистон гузоштанд.

Дар ситоди идораи умури дохилаи вилоят гуфтанд, ки рӯзи 5-уми сентябр ба афсари милиса Азизхӯҷа Тошхӯҷаев сокини ҷамоати Навгилем Зикридин Турсунов, ки узви фаъъоли ҲИУ аст, дар манзили зисташ аз туфангча тир кушод, то фирор кунад.
Ба гуфтаи мақомот, вай бо ду ҳамроҳаш ба вилояти Ботканди Қирғизистон панаҳ бурдааст ва аз ин рӯ аз ҳамтоёни қирғизашон барои боздошти ӯ кумак ва ҳамдастӣ хостаанд.
Капитани милиса Азизхӯҷа Тошхӯҷаев севумин милисаи ноҳияи Исфара аст, ки дар тӯли ду ҳафтаи ахир аз ҳамлаи мусаллаҳонаи афроди номаълум дар инҷо ҷароҳати вазнин мебардоранд.
28-уми август се тан афроди мусаллаҳ дар маркази ҷамоати Чоркӯҳ ба афсарони милиса Фирӯз Олимов ва Ҷамшед Аҳмадов ҳамла карда, онҳоро шадидан захмӣ карданд.
Дар ҳоле ки ҳамлаварон дар озодӣ ба сар мебаранд , саволи асосии матраҳ дар миёни сокинони ноҳия ва маҳофили расмиву коршиносӣ ин аст, ки ҳамлаварон киҳоянд ва ба чи хотир ба чунин аъмоли ҷиноӣ даст задаанд?
Дар мақомоти интизомии вилояти Суғд, ҳарчанд аз се тан ҳамлаварони аввал ҳанӯз ном набурданд, мегӯянд, ки Зикридин ба иттиҳоми узвият дар ҲИУ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт. Додситонии вилоят ҳанӯз як сол қабл нисбати ӯ бо иттиҳоми иштирок дар гурӯҳи ҷиноӣ, ҳамлаи мусаллаҳона ва таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ парванда боз карда буд.
Дар деҳаи Навгилеми ноҳии Исфара соли 2006 аз ҷониби кормандони амниятиву интизомӣ як махфигоҳи силоҳ кашф гардида буд.
Бобоҷон Икром сардабири ҳафтавори «Вароруд» мегӯяд, ҳамлаи мусаллаҳона ба ду милиса дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара як амали тасодуфӣ ва аз сӯи гурӯҳҳои одӣ анҷомёфта набуд. Вай дар ин маврид ду фарзия пеш меорад ва мегӯяд, этҳимол дорад, ки дар ин ҷиноят гурӯҳҳои қочоқгари маводди мухаддир даст дошта бошанд. Назар ба фарзияи дувуми оқои Икром, шояд дар ҳамлаи аввал низ гурӯҳи тундрави ҷиноӣ даст дошта бошад, ки воқиъаҳои 10-15 соли ахир ҳамдастии як гурӯҳ сокинони Исфара дар ин гуна ҳаракату гурӯҳҳоро ошкор кардааст. Ба гуфтаи вай, гурӯҳҳои мансуб ба ҲИУ дар Исфара баъд аз ҳамлаи мусаллаҳонаи онҳо ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва шабохун ба қароргоҳи марзбонони тоҷик дар мавзеъи Лаққони Исфара мутаносибан дар аввал ва миёнаҳои соли 2006 аз фаъъолияти густурдаи худ дарак додаанд.
Дар соли 2007 додситонии вилоят нисбати беш аз 50 сокини вилоят, умдатан сокинони Исфара, бо иттиҳоми мансубият ба ҲИУ парвандаи ҷиноӣ боз карда, 26 нафари онҳо бо ҳукми додгоҳ ба зиндон фиристода шуданд ва беш аз 20 нафари дигар ҳанӯз дар ҷустори ҷиноӣ қарор доранд.
Исфара дар вилоят танҳо ноҳияест, ки мақомоти масъул дар солҳои ахир аз вуҷуди фаъъолияти густурдаи аъзои ҲИУ дар он борҳо ҳушдор додаанд. Чаро Исфара майдони густариши фаъолияти гурӯҳҳои тундрав қарор гирифтааст. Абдураҳим Қаҳҳоров сардори идораи умури дохилаи вилояти Суғд, дар мавриди ин шарҳ дода гуфт, ки мавқеъи ҷуғрофиёии Исфара, ба хусус деҳаи Чоркӯҳ, дар пайвандгоҳи се ҳошияи кишвари водии Фарғона (Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон) ҷойгир шудааст ва майдони амалиёт барои фаъъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, чун ҲИУ, дар он фаррох аст.
Ба гуфтаи як мусоҳиби мо, ки нахост номи худро ошкор кунад, дар деҳаи Чоркӯҳ шуъбаи умури дохилаи алоҳида бо беш аз 60 корманди интизомӣ мавҷуд аст.
Бо вуҷуди он ки аз ҳамлаи аввал ба милисаҳои Исфара дар ҷамоати Чоркӯҳ ду ҳафта гузашт, мақомоти масъул ҳанӯз дар бораи шахсияти афроди ҳамлавар ва натиҷаи ҷустуҷӯи худ ҳанӯз иттилоъе пахш накардаанд.
XS
SM
MD
LG