Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ: Маргу мири кудак дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст


Бино ба натоиҷи як назархоҳӣ, ки ЮНИСЕФ ё Бунёди Кудакони СММ анҷом додааст, маргу мири кудакон дар бисёре аз қисматҳои сайора коҳиш ёфтааст. Вале маргу мир ҳамоно дар бисёре аз кишварҳои африқоӣ ва Осиёи ҷанубӣ зиёд аст. Бино бар ин назархоҳӣ, соли гузашта ҳудуди 9 милёну 200 ҳазор кудаки то синни панҷсола даргузаштаанд. Соли 1990 ин шумора 12 милёну 700 ҳазор нафарро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG