Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои русӣ ба ИМА таҳдид намекунанд


Фармондеҳи флоти чоруми нерӯҳои баҳрии ИМА мегӯяд, ки воҳидҳои зери фармони ӯ ҳаракати ду ҳавопаймои стратегии бомбаафкани Русияро, ки ахиран дар Венесуэла фурӯд намудаанд, муроқибат хоҳанд кард.
Дар айни замон адмирал Ҷозеф Карнан ба хабарнигори Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои русӣ ба ИМА таҳдиди ҷиддӣ надоранд.
Ба гуфти ин фармондеҳ вуруди ҳавопаймоҳои Ту-160-и Русия барномаи тамриноти онҳоро тағйир намедиҳад. Ҳамчунон ӯ ёдовар шуд, ки Русияву Венесуэла тасмим гирифтаанд моҳи ноябр дар Баҳри Кариб тамрини муштарак роҳандозӣ намоянд, ки он ҳам ба барномаҳои низомиёни ИМА тағйире ворид намекунад.
Нерӯҳои ҳавоии Русия иттилоъ додаанд, ки ҳавопаймоҳои озими Венесуэла силоҳ надоштанд. Фурӯди ҳавопаймоҳои Ту-160-и Русия дар Венесуэла аввалин ҷойгиршавии нерӯҳо дар нимкурраи ғарбӣ аз замони хатми Ҷанги Сард аст.

XS
SM
MD
LG