Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабонӣ: “Ягон ваҷаб хоки Ироқ таҳти назорати террористон нест”


Низомиёни ироқӣ дар як амалиёт дар вилояти Диёл се раҳбари бахши маҳаллии созмони “ал-Қоида”-ро боздошт карданд.

Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба намояндаи расмии вазорати дифоъи Ироқ генерал Муҳаммад ал-Аскарӣ навиштааст, ки ошубгарон дар ду манзил дар шаҳри Каноан панаҳ бурда буданд. Ба гуфтаи ал-Аскарӣ, афроди дастгиршуда ба феҳрасти хатарноктарин ошубгарон шомил буданд ва кайҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин амалиёт ҳамчунин се тан аз афроди мусаллаҳ кушта шуданд ва ҳадс зада мешавад, ки онҳо ба амалиёти маргталабона омодагӣ мегирифтанд – дар манзили онҳо тақрибан 10 “камарбанди маргталаб” ва силоҳ ошкор гардид.

Гуфта мешавад, ки дар Диёл тақрибан 50 ҳазор низомиёни ироқӣ мустақаранд ва аммо вазъ дар ин устон ҳамоно дур аз субот аст. Охирҳои моҳи гузашта бар асари як ҳамлаи маргталабона дар Диёл 25 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷалоли Толибонӣ, раисҷумҳури Ироқ изҳор намуд, ки ҳама манотиқи кишвар аз гурӯҳҳои террористӣ пок карда шудаанд. Баъд аз сӯҳбат бо президенти Амрико Ҷорҷ Буш дар Кохи Сафед Ҷалоли Толибонӣ гуфт, ягон мавзеъ, ягон пораи замини Ироқ таҳти назорати террористон нест.

Як рӯз аз ин пеш Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА низ зимни суханронӣ дар кумитаи Палатаи намояндагони Конгресс эълом дошт, ки “мавҷи хушунат дар Ироқ поин рафта ва кишвар роҳ сӯи суботи сиёсӣ гирифтааст”. Ҳамзамон, раҳбари Пентагон иқрор кард, ки вазъ дар Ироқ ноором боқӣ мемонад ва Вошингтон дар робита ба ин кишвар бояд аз тасмимҳои комилан санҷидашуда кор бигирад.

Ҷалоли Толибонӣ дар Вошингтон ҳамчунин гуфт, ки равобити Ироқ бо мамолики ҳамсоя беҳтар шуда, Бағдод бо Туркия, Сурия, Эрон ва кишварҳои арабӣ равобити мӯътадилро ба роҳ мондааст. Амрико то моҳҳои ахир Эрону Сурияро дар талоши ташкили беназмиву идома ёфтани хушунат дар Ироқ муттаҳам мекард.

Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико низ ба беҳбуди авзоъ дар Ироқ ишора кард. Президенти ИМА гуфт, ки дар мулоқот бо Ҷалоли Талабонӣ рӯи мавзӯъҳои баррасии қонуни интихобот дар порлумони Ироқ ва зарурати таҳияи қарордод миёни Вошингтону Бағдод дар мавриди равобити дарозмуддати сиёсиву иқтисодӣ ҳам тамаркуз шуд. Таҳияи ин қарордод идома дорад ва аммо на Буш ва на Толибонӣ дар бораи он ки ин санад кай имзо ҳоҳад шуд, ҳарфе нагуфтанд. Ҷорҷ Буш ҳамчунин зикр кард, ки ҳарду ҷониб хостори коҳиши теъдоди нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқанд.

Ду рӯз пеш раисҷумҳури Амрико зимни суханронӣ дар Донишгоҳи мудофиаи милли Вошинтон эълом дошт, ки то моҳи феврали соли оянда тақрибан 8 ҳазор низомиёни амрикоии мустақар дар Ироқ ба ватан бармегарданд.

XS
SM
MD
LG