Дар ин бора раиси палатаи савдо ва саноат дар ВМБК Ошурмамад Тирандозов иттилоъ дод.
Гузаргоҳи марзии Қулма барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Чин ҳамоно баста мемонад. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи соҳибкорони Бадахшон дар номае ба президенти кишвар бо изҳори норизоят аз эҷоди монеъаҳои сунъӣ барояшон дар консулгарии сафорати Чин дар Тоҷикистон хостори кумак дар ҳалли мушкилоташон шудаанд.
Ба гуфтаи соҳибкорон, дар консулгарии Чин аз онҳо нусхаи асли даъватномаи департаменти равобити хориҷаи Чинро талаб мекунанд, ҳол он ки нусхаи асл ҳеч вақт ба дасташон дода нашуда, фақат бо талаби консулгарӣ ирсол мешавад.Соҳибкорон инчунин мегӯянд, ки барои нахустин бор нест, ки ҷихати мушкилот дар мавриди ба расмиятдарории аснод дар консулгарии Чин онҳо аз ширкат дар намоишҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар кишвари ҳамҷавор маҳрум мемонанд.
Соҳибкорон баён доштанд, ки бино бар кашолкорӣ дар ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо бештари хоҳишмандон ба чунин як намоиш, ки дар авохири моҳи июн дар Кошғар баргузор гардида буд ,дер карданд.
Бо манъи вуруд ба Чин тавассути гузаргоҳи марзии Қулма танҳо наздики 30 нафар соҳибкорони вилот бо истифода аз хатсайри Душанбе – Урумчӣ тавонистаанд озими ярмаркаи мазкур шаванд. Зарина Муқаиршоева, як соҳибкор аз Хоруғ, гуфт асосан онҳое рафтанд, ки фарзандонашон дар он тараф таҳсил мекунанд ва ё корҳои оҷил амсоли таъмини иншоотҳои сохтмонӣ бо масолеҳро доштанд.
Гузаргоҳи Қулма моҳи май барои вуруди шаҳрвандони тоҷик баста эълон шуда, ҷониби Чин инро иқдоми муваққатӣ ба хотири риояти чораҳои амниятӣ дар пешорӯи бозиҳои олимпӣ дар Пекин рабт дода буд. Ин дар ҳолест, ки фақат роҳи бозгашт барои шаҳрвандони тоҷик тавасути гузаргоҳи Қулма кушода боқӣ монд. Дар чунин ҳолат бархе аз соҳибкорон ҳолати ба вуҷудомадаро монеъаи сунъӣ ба нафъи ширкати ҳавопаймоии хатсайри Душанбе – Урумчӣ маънидод намуданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи сардори палатаи савдо ва саноати вилоят, ин иддаоро иғвоангез номида, гуфт ки ин мушкилот сирф марбути ҷониби Чин будааст, аммо сабабаш феълан маълум нест.
Мухтарам Беном сиёсати Амрикоро нафахмида харчи нанавис дар кучо Амрико мехохад толибон дар сари кутрад бошанд .................
Худо рахматаш кунад,хеле овози хуб дошт. Обуруи мо буд.
Ба Avanger. Ҳамаро мисли худат ғулом фикр кардӣ?
Шумо хам ачаб чое ёфтед барои тахсил. Ин казокхо аз кай боз сохиби тачрибаи бузург дар чангхо шудаанд. Хар чизе онхо бо дусти бузургашон русхо медонанд кайхо кухна шудааст. Чанги байни Арманхову Озарихо инро тасдик кард. Ин чанг байни Арманистон ва Озарбочон не балки чанги байни Русия ва Туркия буд. Ин чанг нишон дод ки чигуна бисёро аз тактикахои чангии русии аллакай ба кор намераванд ва бисёре аз техникахояшон мутобик ба замон нестанд. Чун замона дигар шудааст ва тактикаву стратегия чанги хам бояд дигар шавад. Артиши точик кушиш кунад ки бо НАТО хамкори кунад. Ин русхову казоку дигар "бародар"-хо дар асри 20 дармондаанд.
Чабрдида гап доди лекин. Казоко мусулмон нестан гуфтании ха. У чечено мохе нест як точика таги шата накунан. Дигар хамин гапта нагу ки шарманда карди. Хдтон йигит нестен ки пеши чечено мери. Хок зади некем