Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши сарбозони амрикоӣ дар Ироқ


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш мегӯяд, ҳам ИМА ва ҳам Ироқ аз коҳиши шумораи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ пуштибонӣ мекунанд.
Баъди мулоқот бо раҳбари ироқӣ Ҷалоли Толабонӣ дар Қасри Сафед Ҷорҷ Буш гуфт, ки вазъи Ироқ печида аст, вале амният беҳбуд ёфт ва имкон дорад, ки шуморе аз сарбозон ба ватан баргарданд:

"Вазъ печида аст, вале бидуни шубҳа ирсоли сарбозони иловагӣ муассир буд ва имконоти нерӯҳои моро афзоиш дод. Ироқиҳо мехоҳанд, ки шумораи сарбозони амрикоӣ коҳиш ёбад. Амрикоиҳо ҳам мехоҳанд, ки шумораи сарбозонашон дар Ироқро коҳиш диҳанд. Вале ҳар ду ҷониб бояд дарк кунанд, ки ин дидгоҳ ба пирӯзӣ такя мекунад".
Ҳафтаи равон президенти ИМА эълон кард, ки то моҳи феврали соли оянда 8000 афсару сарбозро аз ироқ ба Афғонистон интиқол хоҳад дод.
Дар навбати худ раисҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толабонӣ иброз дошт, ки ИМА ва Ироқ чорчӯби созиши ҳузури қонунии сарбозони амрикоӣ дар Ироқро баҳс мекунанд.

XS
SM
MD
LG