Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи Русия дар мавриди Гурҷистон рад шуд


Вошингтон пешниҳоди Маскав барои мамнӯъ эълон кардани фурӯши силоҳ ба Гурҷистонро рад кард.

Бен Чанг, намояндаи ИМА дар СММ тарҳи қатъномаи таҳиякардаи Русияро чун “талоши Маскав барои дур кардани таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз мавзӯъи хуруҷи нерӯҳояш аз қаламрави Гурҷистон” арзёбӣ намуд. Ӯ афзуд, ки, аз нигоҳи ИМА, “ин тарҳ ҷавобгӯи талабот барои ҳимоя аз истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон нест”.

Рӯзи сешанбе Русия тарҳи қатънома оид ба эмбарго барои фурӯши силоҳ ба Гурҷистонро ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод кард. Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар СММ гуфт, ки ин тарҳ қатъи фурӯш ва интиқоли ҳама гуна силоҳу техникаи низомӣ ба Тифлис ва ҳамчунин худдорӣ аз машварату тамрини низомии артиши Гурҷистонро дар назар дорад. Дипломати рус афзуд, ки тайи шаш соли ахир хароҷоти солонаи ҳарбии Гурҷистон аз 18 миллион доллар то 900 миллион доллар афзоиш ёфтааст ва ин ба Тифлис имкон дод, ки алайҳи Осетияи Ҷанубӣ амалиёти низомӣ доир кунад.

Виталий Чуркин ҳамчунин пешниҳод кард, ки бо ширкати намояндагони Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ нишасти ғайрирасмии Шӯрои амнияти СММ баргузор шавад. Ба гуфтаи ӯ, мӯҳлати будубоши нозирони СММ дар минтақаи низоъи миёни Гурҷистону Абхазистон рӯзи 15 октябр хатм мешавад ва “Маскав баргузории нишасти Шӯрои амният оид ба тамдиди мандати ин нозирон бидуни ширкати ҷониби Абхазистонро ғайримумкин мехонад”.

Ва аммо мақомоти ИМА ба ширкати намояндагони Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар ҷаласаи Шӯрои амният мухолифанд ва аз додани раводид ба онҳо сарпечӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол вазорати дифоъи Амрико эълом дошт, ки ба хотири мушаххас кардани ниёзмандиҳои низомии Гурҷистон як ҳайати вижаро ба Гурҷистон мефиристад. Эрик Эделман – муъовини вазири дифоъи ИМА дирӯз дар нишасти кумитаи низомии Сенат гуфт:

Вазорати дифоъ ин ҳафта ҳайати вижаро ба Тифлис мефиристад ва ин ҳайат ба мо барои муқаррар кардани ниёзмандиҳои Гурҷистон ва посухи мо ба ин ниёзмандиҳо кумак мекунад. Баъди арзёбии ин ниёзмандиҳо, мо мавзӯъи кумаки ИМА барои эҳёи иқтисод, сохтор ва нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистонро баррасӣ мекунем.

Муъовини раҳбари Пентагон ҳамчунин гуфт, ки рӯзи 21 август фармондеҳи нерӯҳои НАТО генерал Ҷон Крэддок бо мақомоти расмии Гурҷистон мулоқот дошт ва осеби ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвар расидаро пажуҳиш кард. Эрик Эделман дар нишасти Сенат зикр кард, ки “Гурҷистон чун ҳар кишвари соҳибистиқлол бояд тавони ҳимояи худро дошта бошад ва ба ҳамлаҳои нави таҷовузкор муқобилат кунад”. Ба ин нукта дар ҳамин нишасти кумитаи Сенат муовини вазири хориҷаи Амрико Даниэл Фрид низ ишора кард.

XS
SM
MD
LG