Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли 4000 сарбози иловагии ИМА ба Афғонистон


Бар пояи барномаи президенти ИМА Ҷорҷ Буш ибтидои соли оянда беш аз 4000 сарбози амрикоӣ ба Афғонистон фиристода мешаванд. Рӯзи сешанбе дар Вашингтон президент Буш гуфт, ки ирсоли нерӯҳо барои таҳкими муборизаи нерӯҳои зери раҳбарии ИМА ва паймони НАТО бо толибони ҷангҷӯй лозим аст.
Ҳамчунон раисҷумҳури ИМА таъкид кард, ки Покистон дар муборизааш бо ҷангҷӯён дар манотиқи назди марзи ин кишвар бо Афғонистон ба кумак эҳтиёҷ дорад. Ба қавли Буш моҳи феврал 8000 афсару сарбози воҳидҳои ҷангӣ аз Ироқ ба Афғонистон интиқол меёбанд.

XS
SM
MD
LG