Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Армстронг ба варзиш бармегардад


Қаҳрамони ҳафткаратаи Тур де Франс бознишастагиро канор гузошта, нақша дорад, ки бори дигар дар ин сабқати байналмилалӣ ширкат варзад.
Дар саҳифаи интернетии велосипедрони амрикоӣ Ланс Армстронг зикр шудааст, ки бо ҳадафи огаҳии бештари мардуми саросари олам аз саратон ӯ ба варзиш бармегардад. Чанд сол пеш ин дучархарони амрикоӣ аз бемории саратон наҷот ёфта буд.
Ҳоло Армстронг 36 сола аст. Як маҷаллаи амрикоӣ навиштааст, ки Армстронг мехоҳад соли оянда бори ҳаштум қаҳрамони Тур де Франс шавад.
Тур де Франс сабқати аз ҳама маъруфи велосипедронӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG