Масъулияти мудирияти маросими мазкур ба дӯши раиси додгоҳи олии кишвар Абдулҳамид Доғар вогузор шуд.
Бо даъватномаи вижаи Зардорӣ дар маросими мазкур инчунин раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳам ширкат дошт. Таҳлилгарон дар Покистон гуфтанд, ки ҳузури Карзай маънои онро дорад, ки Зардорӣ хоҳони шурӯи музокироти нав бо Афғонистон мебошад. Ҳомиди Карзай баъди ин маросим гуфт, ки бо президенти нави Покистон дар робита бо масоили доғи минтақаӣ иттифоқи назар дорад:
"Дар масоили пураҳамият барои ҳарду кишвар дар манотиқи вижаи ҷангӣ ва муборизаи зидди террор ман дидам, ки президент Зардорӣ ният ва дидгоҳҳои нек дорад ва на фақат дар робита бо масоили марбут ба ду кишвар, балки роҷеъ ба кулли минтақа ва ин нахустин бор аст, ки ман чунин мавқеъро дар сатҳи раҳбарии минтақаӣ мебинам. Ин чиз барои ман умеди зиёд медиҳад".
Дар ҳамовозӣ бо як идда таҳлилгарон, Ҳусайн Ҳаққонӣ, сафири Покистон дар ИМА, дар як нишасте дар созмони «Карнеги Ендовмент» дар Вашингтон ҳафтаи гузашта гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб, бо омадани Зардорӣ равобити миёни Афғонистону Покистон дар аҳди Зардорӣ пешрафт хоҳад кард, чунки ӯ хоҳони бознигарӣ шудани сиёсати зиддитеррор мебошад.
"Танҳо мушкил ин аст, ки баъзан мушкилро пурра дида намешавад. Афғонистон, ки ҳамсояи мо аст, як кишвари бародар, ҳамкори мо аст ва мо боумед ба ҳамкориҳои минбаъда бо ин кишвар менигарем. Ва генерал Мушарраф ва ҷаноби Карзай ҳеҷ кореро барои наздик шудан анҷом надоданд. Ва дар Афғонистон чунин як тамоюле ба мушоҳида мерасид, ки вақте онҳо мушкилеро дар хоки худ рӯбарӯ мешаванд, мегуянд, ки онро Покистон эҷод кардааст. Ҳоло мо дар андешаи таъсиси як механизми иборат аз се ҷониб, яъне Покистон, ИМА ва Афғонистон ҳастем, ки ҳамроҳ кор кунанд".
Ҳаққонӣ афзуд, ки дар масъалаи ҷанги зиддитеррор роҳҳалли билофосила буда наметавонад. Вай гуфт, ин як муборизаи дарозмуддат аст, ки масоили сиёсиву низомӣ, идеологиву иқтисодиро дар бар мегирад ва Покистон ҳам ба кӯмакҳои дарозмуддати ИМА барои пирӯзӣ дар ин муборизаҳо ниёз дорад.
Вай гуфт: "Ман ҳамчунин мегӯям, ки ҳукумати Покистон, ҳукумати бо роҳи мулкӣ интихобшуда амиқан ӯҳдадор аст, ки ҷанги зидди терророрро дар ҳама самтҳо идома диҳад. Ва шарт нест, ки қарорҳо ҳамоне бошад, ки мардум машварат медиҳанд, масалан, агар одамон фикр мекунанд, ки бомборони рустоҳои дар манотиқи қабилаии дорои мудирияти федеролӣ ба терроризм хотима хоҳад бахшид. Шарт нест, ки мавқеи ҳукумати Покистон ҳамсон бошад. Ин тавр намешавад".
Ва рӯзи сешанбе ҳам, дар паи анҷоми маросими савгандёдкунӣ Зардорӣ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ тасмими шурӯи амалиёти мусаллаҳонаро дар Вазиристони шимолӣ, минтақаи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон ва истеҳкоми Толибон нахоҳад гирифт. Вай гуфт, ки ин мушкил бояд бо роҳҳои дигар ҳал шавад. Зардорӣ, ки дар баробари чолишҳои хеле зиёди дохиливу минтақаӣ қарор дорад, ва ҳанӯз дидгоҳҳояшро роҷеъ ба муқобила бо ин мушкилот изҳор накардааст. Аммо аз ҳоло ишораҳоеро дидан мумкин аст, ки Зардорӣ дар дохили кишвараш ва дар Ғарб мавриди пуштибонӣ қарор мегирад.