Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ ба курсии президентӣ менишинад


Осиф Алӣ Зардорӣ имрӯз ба ифои вазифа дар маснади раиси ҷумҳури Покистон шурӯъ мекунад. Дар маросими савганди Зардорӣ раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай низ ширкат хоҳад дошт. Ҳузури Карзай дар ин маросим чун талоши коҳиш додани ташдиди вазъ миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад. Кобул мақомоти Покистонро дар фаъолияти нокофӣ дар мубориза бо Толибон айбдор мекунад. Исломобод бо ин иттиҳоми кишвари ҳамсоя розӣ нест.

Осиф Алӣ Зардорӣ, ҳамсари сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто, чанд рӯз қабл дар интихоботи раёсати ҷумҳур пирӯз шуд. Ӯ ваъда додааст, ки бо Толибон мубориза мебарад ва бо нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии мустақар дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.

Раисиҷумҳури пешини Покистон Парвиз Мушарраф моҳи гузашта зери фишори аҳзоби мухолиф ва бар асари таҳдиди импичмент маснади худро тарк карда буд.

XS
SM
MD
LG