Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солрӯзи иcтиқлолияти давлатии Тоҷикистон


Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз, 9-уми сентябр, ҳабдаҳумин солгарди истиқлолияти давлатии худро бо тантана таҷлил намуд.

Ба муносибати ин ҷашнвора дар саросари ҷумҳурӣ ва аз ҷумла дар Душанбе - пойтахти кишвар барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир мешаванд.

Имсол маъракаи асосии иди истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд. Ба ин мақсад раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати таҷлил аз ҷашни истиқлолият бо як сафари дурӯза ба вилояти Суғд меравад. Тибқи иттилоъи маркази иттилоъотии ҳукумати Суғд, маросими асосии таҷлил дар пояи пайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - поягузори адабиёти классики форсу тоҷик дар Хуҷанд сурат мегирад.

Имрӯз ҳамчунин дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон маъракаҳои идона сурат хоҳад гирифт.

Ҳабдаҳ сол қабл, рӯзи 9-уми сентяби 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд. Зери ин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳурии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов имзо гузошт ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве ифтитоҳ шуд.

XS
SM
MD
LG